Мулоқоти хайрбодӣ ва сипоси Сироҷиддин Муҳриддин ба сафири Қазоқистон

© Дафтари матбуоти ВУХ ТоҷикистонМулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Душанбе
Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон бо Аскар Тоҷибоев, сафири Қазоқистон дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Тоҷикистон ба сафири ҳамакнун барканоршудаи Қазоқистон барои фаъолияти пурсамараш сипос гуфт
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Аскар Тоҷибоев, ки маъмурияти сафирияш дар Душанбе поён ёфт, мулоқот кард.
Тибқи иттилои ВУХ, ҷонибҳо дар бораи вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Казоқистон мубодилаи афкор намуданд. Сироҷиддин Муҳриддин ба Тоҷибоев барои саҳмаш дар таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдаи давлатияш муваффақият хостааст.
Аскар Тоҷибоев, ки аз соли 2019-ум сафир дар Душанбе буд, моҳи равон бо фармони Қосим-Ҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон аз мақомаш барканор гардид. Мақоми нави Тоҷибоев сафири Қазоқистон дар Туркманистон мебошад.
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
"Суперпрезидентӣ не": Тоқаев хостори тағйири низоми идора дар Қазоқистон шуд
Бо фармони дигар президенти Қазоқистон Валихон Тӯрахоновро сафири нави кишвараш дар Тоҷикистон таъйин кард. Тӯрахонов Валихон Амирхонулӣ 53 сол дошта, зодаи шаҳри Шимкент мебошад.
Сафири нав хатмкардаи Донишкадаи педагогии Шимкент ва Донишгоҳи иқтисодии Қарағанда буда, фаъолияташро ба ҳайси омӯзгори таърих оғоз кардааст. Зикр шудааст, ки ӯ аз соли 1994 ба фаъолияти дипломатӣ дар Раёсати консулӣ гузаштааст.
Сипас мавсуф дар мақомҳои сардори Раёсати кадрҳо, ноиби роҳбари Дастгоҳи ВКХ, мудири Департаменти маъмурӣ ва назорат ва Департаменти кишварҳои ИДМ кор кардааст. Ӯ инчунин дар сафоратҳои Қазоқистон дар Ӯзбекистон ва Русия низ фаъолият доштаст.
Тӯрахонов то мансуб шуданаш ба мақоми сафирӣ роҳбарии Департаменти кишварҳои Осиёи Марказиро ба уҳда доштааст.
Лентаи хабарҳо
0