Видеои набард ва аввалин нокомии Шери тоҷик Ёқубов

Обуна шудан
Муштзани шинохтаи тоҷик шонси расидан баҳри дарёфти унвони номзад ба чемпиони ҷаҳонро аз даст дод
Муҳаммад Ёубов, муштзани шинохтаи тоҷик дар мусобиқа баҳри дарёфти унвони номзад ба чемпиони ҷаҳон аз рӯи фарзияи WBC шикаст хӯрд.
Ин аввалин шикасти ӯ пас аз 18 пирӯзӣ аст.
Рақобати Ёқубов бо О’Шаки Фостери амрикоӣ шоми 18 март дар шаҳри Дубай дар доираи сабқати "Probellum Evolution" баргузор гашт.
Рақобати муштзанҳо 12 давр давом карда, бо қарори доварон ҳарифи варзишкори тоҷик пирӯз дониста шуд.
Асрор Воҳидов набарди навбатияшро доир мекунад: рақибаш кист?
Ёқубов то нисфи рақобат бартарии зиёд дошт ва бо итминон ҳаракат мекарду зарба мезад, аммо дар нимаи дуюми мубориза Фостери 28-сола бартарӣ пайдо намуд.
Дар поёни рақобат бо қарори доварон варзишкори амрикоӣ пирӯз дониста шуд.
Лентаи хабарҳо
0