Раҳмон аз таъсири таҳримот ба Тоҷикистон, мушкилии таъмини ғизо гуфт: захира кунед

© Дафтари матбуоти президенти ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, даврони коронавирус нишон дод, ки ҳама дар фикри ҳалли мушкилоти худ аст ва аз аҳолӣ даъват кард, сарфакор бошанд
ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни ироаи паёми наврӯзияш ба тоҷикистониён гуфт, ҷаҳон вазнинтарин солҳоро аз сар мегузаронад.
Ӯ бо ишора ба таҳримот, аҳолиро ба сарфакорӣ даъват карда гуфтааст, ки он ба Тоҷикистон низ таъсир мерасонад.

"Соли ҷорӣ вобаста ба таҳримҳои иқтисодӣ ва дигар низоъҳое, ки рӯз ба рӯз шиддат гирифта истодаанд, вазъи таъминот бо маводи ғизоӣ дар бисёр минтақаҳои олам хеле мушкил гардидааст, ки таъсири он ба ҳама, аз ҷумла ба кишвари мо низ мерасад",- афзуд Раҳмон.

Раисҷумҳур бо дарназардошти вазъи баамаломада гуфт, ҳар як оила бояд захираи дусолаи маводи ғизоиро дошта бошад.
Ба гуфтаи президент, ду соли гузашта, яъне давраи паҳншавии бемории КОВИД-19 нишон дод, ки дар лаҳзаҳои душвору вазнин ҳамаи давлатҳо дар фикри мардуми худ ва дар талоши ҳалли мушкилоти хеш мебошанд.
Дар чунин вазъият камчинии маҳсулот, болоравии нархҳо, қатъ гардидани интиқоли молу маҳсулот ва ҳатто маводи доруворӣ дар байни кишварҳо боиси азияти миллионҳо нафар одамон гардид.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Нархи орд дар Тоҷикистон гарон шуд
Раисиҷумҳур аҳолиро ба сабру таҳаммул даъват карда гуфтааст, ки ба воҳимаву таҳлука наафтанд, чун мушкилоти муваққатӣ ва гузарандаанд.
"Дар чунин шароит, мо ҳаргиз набояд ба умеди дигарон шавем, минбаъд низ сарҷамъу муттаҳид бошем, аҳлона кор кунем, софдилона заҳмат кашем ва камбудиву мушкилиҳои зиндагиамонро худамон бартараф созем",- таъкид кард президент.
Президент ба истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва рӯёнидани се-чор ҳосил даъват кардааст.
Ин яке аз роҳҳои асосии бо маҳсулоти истеҳсоли худӣ ҳарчи беҳтар таъмин намудани аҳолӣ ва пешгирӣ кардани болоравии нархи маводи ғизоӣ мебошад, афзуд президент.
Лентаи хабарҳо
0