Раҳмон дар Левакант агрегати савуми "Сарбанд"-ро ба кор даровард

© Пресс-служба Президента РТЭмомали Рахмон - запуск двух отреставрированных агрегатов ГЭСа Сарбанд
Эмомали Рахмон - запуск двух отреставрированных агрегатов ГЭСа Сарбанд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Барои таҷдиди нерӯгоҳи мазкур ҳукумати мамлакат бо Бонки Осиёии Рушд соли 2011 созишномаи грантӣ ба маблағи як миллиард сомонӣ ба имзо расонида буд
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни сафари корӣ ба вилояти Хатлон дар шаҳри Левакант агрегати савуми нерӯгоҳи "Сарбанд"-ро ба кор даровард.
Ба иттилои дафтари матбуотии роҳбари давлат, тавоноии агрегати мазкур пас аз таҷдиду навсозӣ ба 49 мегаватт баробар шуд.
Нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд” бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт аз ҷумлаи шашумин нерӯгоҳҳои амалкунандаи маҷрои дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.
Сохтмони нерӯгоҳи мазкур соли 1956 оғоз гардида, аввалин агрегати он соли 1962 ба кор дароварда шудааст. Бинобар сабаби истифодабарии тулонӣ қисми зиёди таҷҳизоти электромеханикӣ, гидромеханикии нерӯгоҳ ва дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи он фарсуда шуда буданд.
Эмомали Рахмон, получение верительных грамот от вновь назначенных послов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Эмомалӣ Раҳмон барои таҷлили Наврӯз ба Хатлон сафар кард
Дар нерӯгоҳи мазкур дар давоми қариб шаст сол ба ҷуз аз таҷдиди як агрегат дигар ҳеҷ гуна корҳои таҷдиду навсозӣ анҷом дода нашуда буд.
Бинобар ин соли 2011 байни ҳукумати мамлакат ва Бонки Осиёии Рушд барои амалӣ намудани лоиҳаи "Таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии “Сарбанд" созишномаи грантӣ ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ ба имзо расид ва татбиқи он расман соли 2016 оғоз гардид.

"Лоиҳа аз ду қисмат иборат буда, даври якуми он пурра иваз кардани 5 агрегат, 2 автотрансформатор, бунёди бинои нави идоракунӣ ва қисмати дуюми лоиҳа таҷдиди дастгоҳҳои тақсимкунандаи кушодаи 220/110-киловолтаро дар бар мегирад", - омадааст дар изҳорот.

Манбаъ меафзояд, дар ҳоли ҳозир таҷдиду навсозии гидроагрегати рақами 1 идома дорад. Ҳаҷми корҳои иҷрошуда дар агрегати мазкур зиёда аз 60 фоизро ташкил медиҳад.
Маврид ба зикр аст, ки дар натиҷаи татбиқи лоиҳаи “Барқарорсозии нерӯгоҳи барқи обии Сарбанд” иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳ аз 240 мегаватт ба 270 мегаватт зиёд шуд.
Лентаи хабарҳо
0