СММ Афғонистонро бадбахтарин кишвари дунё донист

© REUTERS / Ali KharaЛюди напротив пекарни в ожидании раздачи хлеба в Кабуле
Люди напротив пекарни в ожидании раздачи хлеба в Кабуле  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тибқи "Гузориши умумиҷаҳонии хушбахтӣ" — "World Happiness Report", ки аз ҷониби СММ таҳия мешавад, Афғонистон бадбахттарин кишвари ҷаҳон мебошад
ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Гузориши "World Happiness Report" аз ҷониби СММ бахшида ба Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ, ки ҳамасола 20 март таҷлил мешавад, интишор ёфтааст.
Дар ин гузориш Афғонистон миёни 146 кишвар дар ҷои охирин қарор дорад. Лубнон аз рӯи бадбахтӣ дар ҷои дувум, Ботсвана, Руанда ва Зимбабве дар панҷгонаи охир қарор гирифтанд.
Дар ин санад гуфта шудааст, ки коршиносон пас аз таҳлили маълумоти се соли охир кишварҳоро раддабандӣ карданд. Онҳо маълумоти бадастовардаашонро аз рӯи маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, амнияти иҷтимоӣ, давомнокии умр, озодии интихоби зиндагӣ, саховатмандии аҳолӣ ва дарки сатҳи фасоди берунию дохилиӣ гурӯҳбандӣ ва баррасӣ кардаанд.
Пурсиш нишон дод, ки шумораи ками афғонҳо ба оянда умеди калон дорад. Аксари онҳо гуфтаанд, ки ба оянда умуман ҳеҷ умеде надоранд.
Инчунин дар ин гузориш қайд карда шудааст, ки шумори афғонҳо ва сатҳи зиндагии онҳо пас аз ба қудрат омадани толибон метавонад боз ҳам коҳиш ёбад.
Дети играют возле своего дома в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.03.2022
Ҳушдори СММ дар бораи буҳрони гуруснагӣ дар Афғонистон
Дар ин радабандӣ Финландия бори панҷум паиҳам ҷои якумро гирифт. Ба панҷгонаи хушбахттарин кишварҳои ҷаҳон Исландия, Дания, Швейтсария ва Ҳолланд ворид шудаанд.
Ба даҳгона Люксембург, Норвегия, Шветсия, Исроил ва Зеландияи Нав низ ворид гардиданд.
Тоҷикистон дар миёни 146 кишвари ҷаҳон дар зинаи 83-юм қарор дорад. Тоҷикистон дар ин радабандӣ аз Индонезия (87-ум), Озарбойчон (92-юм), Гурҷистон (105-ум), Эрон (110-ум), Туркия (112-ум), Покистон (121-ум), Миср (129-ум), Ҳиндустон (136-ум) пеш гузашт.
Ёдовар мешавем, ин гузориш, ки бори нахуст соли 2012 аз ҷониби Шабакаи ҳалли масъалаҳои рушди устувори СММ нашр шудааст, сатҳи хушбахтӣ ва рифоҳ дар 156 кишвари ҷаҳонро арзёбӣ мекунад.
Ҳамасола пажуҳишгарон дар робита ба Рӯзи байналмилалии хушбахтӣ гузориш нашр мекунанд. Ин рӯз аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ 28 июни соли 2012 эълон шуд.
Лентаи хабарҳо
0