Тоҷикистон 54 мошини ёрии таъҷилӣ дарёфт кард

© Sputnik / Амир ИсаевРФ передала Таджикистану реанимобили
РФ передала Таджикистану реанимобили - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Интизор меравад, Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон боз 40 мошини дигар ба Тоҷикистон ирсол кунад
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Ҷопон ба Тоҷикистон 54 мошини ёрии таъҷилӣ кумак кард, хабар медиҳад котиботи Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, ин теъдод мошинҳоро Оҷонсии ҳамкориҳои байналмилалии Ҷопон дар ихтиёри Тоҷикистон хоҳад гузошт.
Гуфта мешавад, дар маросими супоридани мошинҳои ёрии таъҷилӣ вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода ва намояндагии оҷонсии мазкур ширкат карданд. Ин маросим дар маркази тибии "Истиқлол" сурат гирифт.
Манбаъ меафзояд, чанде аз мошинҳои воридгардида ба муассисаҳои беҳдоштии шаҳру навоҳии Ҳамадонӣ, Кӯлоб, Айнӣ, Ҷалолиддини Балхӣ фиристода шуданд.

"Мошинҳои боқимонда дар ҳолати зарурӣ ба дигар шаҳру навоҳии кишвар фиристода мешаванд", - омадааст дар хабари Вазорати тандурустӣ.

Зикр гардид, ки мошинҳои воридгардида бо тамоми таҷҳизоти лозимӣ, аз қабили дефибриллятор, ченкунандаи фишори хун, зарфҳои кислородӣ ва таҷҳизоти реаниматсионӣ барои расонидани ёрии аввалия ба беморон муҷаҳҳаз мебошанд.
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар гуфт, дар рӯзҳои наздик 40 мошини ёрии таъҷилии дигар низ вориди кишвар мешаванд.
Всемирный банк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.03.2022
Бонки Ҷаҳонӣ барои вокуниш ба коронавирус ба Тоҷикистон 25 млн. доллар медиҳад
Қаблан Русия ба Тоҷикистон даҳ мошини ёри таъҷилӣ, ки бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳазанд, тақдим карда буд.
Ҳамчунин дар доираи муборизаи муштарак бар зидди коронавирус Русия ба Тоҷикистон системаҳои ташхиси ройгон, инчунин 50,000 вояи ваксинаи "Sputnik V" ҳадя карда буд.
Аз оғози ҳамагирӣ "Роспотребнадзор" ба ҷумҳурӣ шаш ҳайати коршиносон фиристод, то дар мубориза бо COVID-19 кумак кунанд.
Лентаи хабарҳо
0