WP: Чин аз тағйир додани мавқеаш нисбат ба Русия худдорӣ мекунад

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкВизит президента РФ Владимира Путина в Китайскую Народную Республику
Визит президента РФ Владимира Путина в Китайскую Народную Республику - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Обуна шудан
Чин мехоҳад бо ҳар ду ҷониб робита дошта бошад ва ҳоло мавқеи бетарафиро ишғол намудааст
ДУШАНБЕ, 20 мар — Sputnik. Пекин дар пасманзари амалиёти вижа дар Украина мавқеашро дар робита бо Русия тағйир доданӣ нест. Дар ин бора баъд аз музокироти раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин ва раисҷумҳури ИМА Ҷо Байден иттилоъ дода шуд.
Рӯзномаи "Washington Post" менависад, Амрико ба Пекин таҳдид кард, ки дар сурати дастгирӣ намудан аз Маскав ӯро оқибати нохубе интизор аст.
Аммо вокуниши ҷониби Чин пас аз ин суҳбат аз он шаҳодат медиҳад, ки Пекин мавқеи худро дар мавриди пуштибонӣ аз Федератсияи Русия тағир доданӣ нест.
Вазорати корҳои хориҷии Чин пас аз ин суҳбат изҳорот нашр кард, ки дар он "таҳримҳоро шадидан интиқод кардааст".
Председатель Китайской Народной Республики (КНР) Си Цзиньпин, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.03.2022
Си Ҷинпин: Сулҳу амниятро дороии муҳим арзёбӣ кард
Эҳтимол сухан дар бораи чораҳое меравад, ки Иёлоти Муттаҳида метавонад алайҳи Чин барои кӯмак ба Русия ҷорӣ кунад. Аммо чунон ки WP қайд мекунад, Чин барои нигоҳ доштани мавқеи бетарафӣ кӯшиш мекунад.
Манбаъ меафзояд, ба Пекин ин лозим аст, то бо ҳар ду тараф робита дошта бошад. Бо вуҷуди ин чунин мавқеъ ба Вашингтон мувофиқ нест.
Си Ҷинпин, роҳбари Чин ахиран дар суҳбат бо раисҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфт, сулҳ ва амният муҳимтарин дороии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст ва муноқишаҳо ба манфиати касе нест, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости” дар истинод ба расонаҳои чинӣ.
"Муноқишаву бархӯрдҳо ба манофеи касе нест. Сулҳ ва амният дороиест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд аз ҳама бештар онро қадр кунад", - гуфт Си Ҷинпин.
Раҳбари Чин ҳамчунин таъкид кард, ки пас аз музокироти ахири раҳбарони ду кишвар дар моҳи ноябри соли гузашта вазъ дар ҷаҳон ба таври ҷиддӣ тағйир кардааст.
Лентаи хабарҳо
0