Баргузории фестивали байналмилалии “Наврӯз - мероси фарҳангии сайёҳӣ” дар Душанбе

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанНациональные танцы в Хатлонской области
Национальные танцы в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Боғи Ирами пойтахти Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии “Наврӯз - мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар Боғи Ирами шаҳри Душанбе санаи 22 март фестивали байналмилалии “Наврӯз - мероси фарҳангии сайёҳӣ” баргузор мегардад, иттилоъ додааст дафтари Кумитаи рушди сайёҳӣ кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, фестивал ба ифтихори Ҷашни байналмилалии Наврӯз гузаронида шуда, мақсади он муаррифии имконоти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон ба сайёҳоне мебошад, ки дар арафаи Иди Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд.
Символ Навруза - суманак  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Се ҳазор сол пеш аз дини зардуштӣ ва 4 ҳазор пеш аз Ислом: Раҳмон аз таърихи Наврӯз гуфт
“Дар доираи фестивал баргузории намоиши имконияти гардишгарӣ, ҳунарҳои мардумӣ, ойинҳои наврӯзӣ, бозиҳои наврӯзӣ, пухтани таомҳои наврӯзӣ, либоси миллӣ ва рақсу суруд дар назар аст”, - иттилоъ додааст Кумитаи рушди сайёҳӣ.
Фестивали мазкур бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳӣ ва мақомоти шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0