Бархӯрди ду мошин дар шоҳроҳи Айнӣ - Мастчоҳ як кушта бар ҷо гузошт

© Sputnik / Стас ЭтвешМашина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото
Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Сабаби сар задани садама аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадани ронандаи тамғаи "Опел - Зефира" гуфта мешавад
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Дар шоҳроҳи Айни - Мастчоҳ садамаи нақлиётӣ рух дод, ки дар натиҷа як нафар ҷон бохт.
Ба иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ронандаи 28-солаи автомашинаи тамғаи "Опел-Зафира", ки сокини ноҳияи Айнӣ буд, аз уҳдаи идора кардани нақлиёт набаромадааст.
Зимнан ӯ ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи "Дулан" бархӯрдааст.
Ин мошинро ронандаи 35-сола сокини ҳамин ноҳия идора мекард.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.03.2022
Ду садамаи маргбори як рӯз дар Хатлон, ки ҷони се нафарро гирифт
Манбаъ меафзояд, дар натиҷаи бархӯрди мошини сабукрав ба автомашинаи "Дулан" ронандаи мошини аввалӣ ҷароҳат бардошта, ҷон додааст.
ВУД зикр накардааст, ки ронанда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида ё зимни интиқол додан ба бемористон.
Феълан кормандони умури дохилӣ вобаста ҳолати рухдодаро таҳқиқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан низ дар роҳи Душанбе - Чаноқ зимни бархӯрди ду мошин се нафар ҷон дод, ки яке аз фавтидагон ноболиғи 14-сола буд.
Лентаи хабарҳо
0