Бар асари бархӯрди ду қатор дар Тунис беш аз 70 нафар маҷруҳ шуд

Флаг Тунис - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар яке аз истгоҳҳои роҳи оҳани Тунис дар натиҷаи бархӯрди ду қатор теъдоди зиёде аз мусофирон маҷруҳ шуданд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раёсати мудофиаи шаҳрвандии кишвар гуфт, дар Тунис ду қатор ба ҳам бархӯрданд.
Бар асари садамаи қаторҳо дар роҳи оҳан дар ин кишвари Африқои Шимолӣ дастикам 72 нафар маҷруҳ шуд.

"72 мусофир пас аз бархӯрди ду қатор дар наздикии истгоҳи Ҷабал Ҷелуд дар бемористон бистарӣ шуданд", - хабар додааст радиои "Mosaique".

Маълум аст, ки аксари мусофирон ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Дар бораи ҳалокшудагон то ҳол маълумоте расонаӣ нашудааст.
Cамолет Boeing 737 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Сабаби суқути ҳавопаймои "Boeing 737"-и чинӣ маълум шуд
Феълан сабаби асосии сар задани ин ҳодиса маълум нест ва ниҳодҳои зирабт ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Ёдовар мешавем, рӯзи 21 март ҳамчунин дар ҷануби Чин ҳавопаймои мусофирбар суқут кард. Дар дохили ҳавопаймо 133 сарнишин қарор дошт.
Лентаи хабарҳо
0