Додгоҳ "Facebook" ва "Instagram"-ро дар Русия бо ҷурми ифротгароӣ манъ кард

Facebook фэйсбук лого - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Додгоҳи Тверскойи Маскав рӯзи душанбе шабакаҳои "Facebook" ва "Instagram"-ро дар Русия барои фаъолияти ифротгароӣ масдуд кард, хабар медиҳад РИА "Новости"
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Додгоҳ гуфт, ки қарори мазкур фавран ба ҳукми иҷро медарояд. Додситонии кул ин даъворо хоҳиши ҳифзи русҳо аз нақзи минбаъдаи ҳуқуқашон арзёбӣ кард.
Ҳамин тавр "Instagram" беш аз 4,5 ҳазор дархостро дар бораи нест кардани фейкҳо дар бораи амалиёти вижаи Русия дар Украина ва даъватҳо ба гирдиҳамоиҳои беиҷозатро нодида гирифт.
Ба гуфтаи додситонӣ, иттилооти ифротгароӣ ҳам ба афрод ва ҳам ба ҷомеа таҳдид мекунад. Додситонии кул таъкид мекунад, ки ин ширкат бо иҷозаи даъватҳо барои куштани низомиёни Русия қоидаҳои худро нақз мекунад.
Сотрудники Facebook на фоне нового логотипа компании у ее штаб-квартиры в Менло-Парке, Калифорния - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
ФСБ аз масдуд намудани "Facebook" ва "Instagram" пуштибонӣ кард
Қаблан "Meta Platforms" бо назардошти ҳаводиси Украина нашри даъватҳо ба хушунат алайҳи низомиёни Русия, "вале на бар зидди аҳолии осоиштаи Федератсияи Русия" дар "Facebook" ва "Instagram"-ро муваққатан лағв карда буд.
Пас аз ин Додситонии кулли Русия масъалаи ба унвони созмони ифротӣ эътироф шудани "Meta"-ро матраҳ кард ва Кумитаи тафтишотии Русия дар робита ба даъватҳои оммавӣ ба ифротгароӣ ва мусоидат ба терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Ноиби президенти "Meta" Ник Клегг баъдтар тавзеҳ дод, ки сиёсати нав танҳо дар Украина татбиқ мешавад ва "Meta" "русбадбиниро таҳаммул намекунад".
"Роскомнадзор" бо дархости Додситонии кулл дастрасӣ ба "Instagram" дар Русияро ба далели даъват ба хушунат алайҳи русҳо маҳдуд кард. Аз рӯзи душанбеи гузашта "Instagram" аз суроғаҳои IP-и Русия дастнорас буд.
Аз ин пеш "Роскомнадзор" "Facebook"-ро дар Русия ҳам масдуд кард ва ин иқдом ба далели табъизи густарда алайҳи расонаҳо ва манобеи иттилоотии Русия, аз ҷумла РИА "Новости", "Sputnik" ва RT сурат гирифт.
Лентаи хабарҳо
0