Додситонӣ: Истифодабарандагони "Facebook" ва "Instagram"-ро ҷазо намедиҳанд

© Unsplash/Artem BeliaikinДевушка с телефоном
Девушка с телефоном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Дар сурати манъи қонунии "Meta" корбарони "Facebook" ва "Instagram"-ро ҷазое таҳдид намекунад
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Корбаронро барои қулфшиканӣ ва вуруд ба шабакаҳои иҷтимоии масдудшуда дар Русия ҷазо намедиҳанд, изҳор дошт намояндаи Додситонии кулли ин кишвар дар додгоҳи ноҳияи Твер.
Дар сурати манъи фаъолияти "Meta" ҳам вуруди корбарон аз тариқи қулфшиканҳо ба "Facebook" ва "Instagram" муҷозоте дар пай надорад, овардааст РИА "Новости" аз қавли намояндаи додситонӣ.
Ӯ эътироф кард, ки дар пайи манъи фаъолияти ин ширкат имкониятҳои техникӣ барои убур аз масдудият мавҷуданд ва шаҳрвандони зиёде ҳастанд, ки дар шабакаҳои иҷтимоии мазкур саҳифаи худро доранд.
Додгоҳ ба баррасии даъвои додситонӣ барои ифротӣ эътироф кардани ширкати "Мета", молики шабакаҳои иҷтимоии "Facebook" ва "Instagram" оғоз кард.
Намояндаи ширкат дар додгоҳ хост, даъво рад карда шавад, ки зеро "Мета" ба русбадбинӣ дар саҳифаҳояш роҳ нахоҳад дод. Ин ширкат молики шабакаҳои иҷтимоии "Facebook", "Instagram" ва "WhatsApp" мебошад.
Логотипы компании Facebook и Meta  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.03.2022
Маълум шуд, Facebook бо сабаби басташавӣ дар Русия чӣ қадар пулро аз даст медиҳад
Маврид ба зикр аст, ки "Meta Platforms" дар пасманзари ҳаводиси Украина даъват ба хушунат алайҳи низомиёни Русияро манъ кард, аммо на алайҳи шаҳрвандони мулкиро.
Дар пайи ин Додситонии кулли Русия масъалаи экстремистӣ эътироф кардани "Meta"-ро ба миён гузошт ва Кумитаи тафтишотӣ барои даъвати оммавӣ ба экстремизм ва мусоидат ба терроризм парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Ноиби президенти "Meta", Ник Клегг, тавзеҳ дод, ки сиёсати ҷадид танҳо дар Украина татбиқ мешавад ва афзуд, ки дар ширкаташон русбезориро таҳаммул намекунанд.
Дар баробари ин "Роскомнадзор" бо талаби Додситонии кул "Instagram"-ро ба далели даъватҳо ба хушунат алайҳи русиягиҳо маҳдуд карда буд. Аз ҳафтаи гузашта шабакаи "Instagram" бо суроғаҳои IP аз Русия дастнорас мебошад.
Пеш аз ин "Facebook" ба далели табъизи расонаҳои Русия, аз ҷумла РИА "Новости", "Sputnik" ва "RT" масдуд шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0