Ҷангу пандемияро гузарондем: Раҳмон аз мардум хост, аз буҳрону нархҳо ба таҳлука наафтанд

© Sputnik / Амир ИсаевБазар в Кулябе
Базар в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ аз буҳрони ҷаҳонию ҷаҳиши нархҳо гуфта, роҳи ҳаллашро баён дошт
ДУШАНБЕ, 21 мар – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло дар ҷаҳон марҳалаи нави буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ ва дар баробари он болоравии босуръати нархҳо идома дорад.
Раисҷумҳур зимни суханронияш дар тантанаҳои ҷумҳуриявии наврӯзӣ шароитро буҳронӣ хонда, аз кишоварзон хост, ҳар рӯзи мусоиди баҳориро самаранок истифода карда, кишти зироатҳоро сари вақт ба анҷом расонанд. Ӯ аз деҳқонон даъват намуд, ки кӯшиш намоянд, аз як замин 3-4 ҳосил ба даст оваранду бо ҳамин роҳ афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро таъмин намоянд.
"Муҳимтар аз ҳама мо мардуми заҳматдӯст, маданияти баланди таърихан ташаккулёфтаи заминдорӣ ва таҷрибаи зиёди кишоварзӣ дорем", - изҳор дошт ӯ.
Раҳмон муҳим хонд, ки мардуми Тоҷикистон набояд аз мушкилоти имрӯз бавуҷудомада нигарон бошанду ба таҳлука афтанд.
Таксисты в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Арзиши мусофирбарӣ дар роҳи ағба боло рафт. Гилаи мусофирону шарҳи ронандаҳо
"Баръакс мо бояд мисли ду соли гузашта, яъне давраи авҷи пандемияи коронавирус сарҷамъу муттаҳид бошем, дасти якдигарро гирем, ба ҳамдигар кумак расонем ва фаромӯш накунем, ки давраҳои аз имрӯза вазнин, аз ҷумла солҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро бо сабру таҳаммул, бо кумаку дастгирии якдигар ва бо заҳмати аҳлона паси сар кардем", - таъкид кард ӯ.
Президент изҳор дошт, ки бояд ба хотири рушду инкишофи ояндаи Тоҷикистон дар панҷ соли наздик, ки дар мамлакат Солҳои рушди саноат эълон шудааст, содиқонаву софдилона заҳмат кашид.
Вай зарур хонд, ки барои ҳамватанон ҳарчи бештар ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванду иқтидори содиротии мамлакат тақвият ёбад ва аз ҳамин роҳ сатҳи зиндагии мардум баланду Тоҷикистон ободу зебо карда шавад.
Лентаи хабарҳо
0