Хуросонӣ куҷо рафт? Омири амнияти Панҷшер иваз шуд

© Social mediaАбдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере
Абдул Хамид Хурасани, глава сулжбы безопасности Талибов в Панджшере - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати умури дохилии толибон омири амнияти вилояти Панҷшери Афғонистонро барканор кард
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, Вазорати умури дохилии толибон Абдулҳамиди Хуросонӣ, омири амнияти вилояти Панҷшери ин кишварро баркор ва ба ҷойи ӯ Атиқуллоҳ Сиддиқиро ба ин симмат мансуб кардааст.
Ба иттилои манбаъ, Атиқуллоҳ Сиддиқӣ ба унвони омири амнияти қумондонии амнияти Панҷшер муаррифӣ шудааст ва ҳамчунин корашро дар ин симмат оғоз кардааст.
Дар ҳамин ҳол хабаргузории "Бохтар" менависад, Сиддиқӣ аз сокинони Панҷшер мебошад, ки бар асоси пешниҳоди масъулони маҳаллии он ва ба манзурии раҳбарии бахши Вазорати умури дохилӣ дар ин вилоят истихдом шудааст.
Қобили зикр аст, ки пеш аз ин иттифоқ Абдулҳамиди Хуросонӣ дар як паёми видеоӣ аз волии Панҷшер ба раҳбари толибон шикоят карда буд. Зимнан манобеъ дар робита ба тақдири Хурусонӣ пас аз барканорияш аз симмати омири амнияти Панҷшер иттилое надодаанд.
Лентаи хабарҳо
0