Новак: даст кашидан аз нафти Русия боиси се баробар боло рафтани нарх мешавад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкВице-премьер РФ А. Новак провел совещание по подготовке к празднованию 400-летия Красноярска
Вице-премьер РФ А. Новак провел совещание по подготовке к празднованию 400-летия Красноярска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Муовини нахуствазири Русия пешгӯӣ кард, ки агар Ғарб аз манобеи энержии Маскав даст кашад, боиси афзоиши нархи нафт дар ҷаҳон хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Агар Ғарб аз захираҳои энергетикии Русия даст кашад, нархи нафт дар ҷаҳон метавонад ба таври қобили мулоҳиза боло равад.
Дар ин бора муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар суҳбат бо хабарнигорон иттилоъ дод.

“Агар (аз нафти Русия – таҳ.) рад шавад, нархи нафт шартан ба 300 доллар ва ба гуфтаи баъзеҳо, ҳатто ба 500 доллар мерасад”, - гуфт ӯ.

Қаблан муовини нахуствазири Русия хабар дода буд, ки агар Аврупо ва ИМА аз харидории манобеи энержии Маскав даст кашанд, онҳоро ба шарикони дигар равона хоҳад кард.
Ба гуфтаи ӯ, Аврупо дар як сол ҳудуди 500 миллион тонна нафт мегирад, ки аз ин миқдор 150 миллион ё 30 дарсадаш аз Русия аст.
Ҳамзамон Новак қайд кард, ки маҳсулоти нафтии Русия дар айни замон бо назардошти инфрасохтори пешрафтаи лӯлаи нафт ва логистикаи интиқоли баҳрӣ барои бозори Аврупо рақобатпазиртарин маҳсуб мешавад.
Города мира. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.03.2022
Дар Амрико Байденро ба тахриби кишвар муттаҳам намуданд
Барои иваз кардани тилои сиёҳ аз Федератсияи Русия солҳо лозим мешавад ва аз ин бештар шаҳрвандони оддӣ зарар мебинанд.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари оғози амалиёти вижаи низомии Русия барои ҳифзи Донбасс ИМА Русияро таҳрим кард.
Ҳамин тариқ мамнуият ба хариди нафту газ ва ангишти Русия таъсир расонд. Баъдтар президенти Амрико Ҷо Байден дар бораи рад кардани алмос, машрубот ва маҳсулоти баҳрӣ аз Федератсияи Русия розӣ шуд.
Кишварҳои умдаи Аврупо низ имкони комилан аз нафти Русия даст кашиданро баррасӣ мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0