Боз як "пешгӯӣ"-и ҳайратангези Жириновский амалӣ шуд

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузаштан ба хазинаи аксЛидер ЛДПР Владимир Жириновский
Лидер ЛДПР Владимир Жириновский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раҳбари Ҳизби либералӣ-демократӣ як қатор пешгӯиҳои пуровозае карда буд, ки бисёрии онҳо аллакай амалӣ шудаанд.
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. НАТО талош дорад, на Украина, балки Қримро ба тасарруфи худ бигирад. Чунин "пешгӯӣ"-ро раҳбари ҲЛДР Владимир Жириновский баён кардааст.
Суханони сиёсатмадорро губернатори кишвари Хабаровск Михаил Дегтярев дар яке аз китобҳояш овардааст.
Ҳамин тавр дар соли 2006 Жириновский гуфта буд, ки эътилоф орзу дорад, ки флоти Русияро аз Қрим дур кунад ва инчунин мехоҳад ба Орёл, Курск ва Краснодар наздик шавад.
Украина барои НАТО "платформаи гузариш" мебошад, ки эътилоф онро ба сафи худ қабул карданӣ нест.

"Шумо дар он ҷо нахоҳед буд. Онҳо шумо ва Лаҳистонро несту нобуд мекунанд, зеро шумо аз ҷиҳати ҷуғрофӣ дар байни Брюссел ва Пекин ҷойгиред", - иқтибос овард Дегтярев аз раиси ҲЛДР.

Қаблан губернатори вилояти Хабаровск "пешгӯӣ"-и дигари сиёсатмадор дар бораи аз байн рафтани Украина ҳамчун як давлатро нашр карда буд.
Дегтярев ҳамчунин иқтибосҳои Жириновскийро дар бораи ояндаи Иёлоти Муттаҳида овардааст.
Сиёсатмадор раҳбари Амрико Ҷо Байденро раисҷумҳури "камфикр" номида, ки ба далели "аҳволи ҷисмонӣ" набояд ин мақомро ишғол мекард.
Вручение временных удостоверений избранным депутатам VIII созыва Госдумы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Ҳизби либерал-демократӣ хабарҳо дар бораи бад шудани вазъи Жириновскийро рад кард
Ёдовар мешавем, ки Дегтярев аз соли 2005 ба ин сӯ рӯи китобҳо дар бораи пешгӯиҳои Жириновскийро кор мекунад.
Дар яке аз онҳо, ки "Пайғамбар дар Ватани худ" ном дорад, раиси вилояти Хабаровск "пурра гуфтаҳои раиси Ҳизби либерал-демократӣ аз соли 1989 то 2015" ва дар дувум, "Пайғамбар 2.0" "пешгӯиҳоеро, ки барои солҳои 2015-2021 гуфта шудаанду аллакай амалӣ шуданро оғоз карданд", гирдоварӣ мекунад.
Лентаи хабарҳо
0