Қодиров гуфт, бо мошини зиреҳпӯши ғаниматгирифтааш аз артиши Украина ба Киев меравад

© Пресс-служба главы Чеченской Республики / Гузариш ба медиабонкСборы военных в Грозном
Сборы военных в Грозном - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Раҳбари Чеченистон Қодиров дар бораи нақшаи ворид шудан ба Киев бо мошини зиреҳпӯши ғаниматгирифтааш аз артиши Украина гуфт
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, раҳбари Чеченистон дар шабакаи "Telegram"-аш видеоеро нашр кард, ки чӣ гуна мошини зиреҳпӯши ғаниматгирифта аз артиши Украинаро идора мекунад ва аз нақшаи рафтан бо он ба Киев хабар медиҳад.

"Имрӯз ман савори мошини зиреҳпӯши генералии ғаниматгирифта шудам, ки онро дар Украина аз фармондеҳони миллатгароён мусодира карда будем... Бо кумаки Аллоҳи мутаол базудӣ бо он ба Киев меравам!", - навиштааст Қодиров.

Ӯ ҳамзамон нигоштааст, ки дар оянда ният дорад, ки корхонаи истеҳсоли ин мошинҳои зиреҳпӯшро барои эҳтиёҷоти низомиёни Русия ба роҳ монад.
Вай як гурӯҳи нави мошинҳои зиреҳпӯшро барои хидматчиён ва ихтиёриён аз Чеченистон, ки дар амалиёти вижа дар Украина ширкат мекунанд, нишон дод.
Номбурда гуфтааст, ҳарбиён ва ихтиёриён аз Чеченистон, ки дар амалиёти махсус дар Украина иштирок мекунанд, аллакай беҳтарин ва муосиртарин таҷҳизоти моддию техникӣ доранд.
"Дар ин кор ба мо Фонди ҷамъиятии вилоятии ба номи Қаҳрамони Русия Аҳмадхоҷӣ Қодиров ёрӣ мерасонад. Тасдиқи рӯшани ин як гурӯҳи нави мошинҳои зиреҳпӯши замонавӣ мебошад, ки фонд онҳоро махсус барои ҷангиёни мо харидааст”, - афзуд раиси Чеченистон.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Флаг НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҳушдори Шӯрои федератсия ба Украинаву Гурҷистон дар бораи паёмадҳои пайвастан ба НАТО
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0