Қурби рубл дар Тоҷикистон: поинтарин нарх дар "Ориёнбонк" аст

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷӣ дар кишварро муайян кардаст, ки шомили тағйироти назаррасе нест
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Қурби рубл дар бозори ғайринақдии Тоҷикистон каме боло рафта, дар бозори нақдӣ коҳиш ёфтаст.
Тибқи иттилои сомонаи Бонки миллӣ, қурби рубл дар оғози ҳафтаи нав 0,1234 сомонӣ, евро 14,3325 ва доллар 12,96 сомонӣ аст.
Дар ҳамин ҳол қурби рубл дар бонкҳои тиҷорӣ, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон бо ин асъор маош мегиранду бо он ба Ватан маблағ интиқол медиҳанд, каме поин рафтаст.
Аз ҷумла "Ориёнбонк" барои 1 ҳазор рубл зимни харид 115 сомонӣ ва зимни фурӯш 130 сомонӣ нарх муқаррар кардааст.
Базар в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Ҷангу пандемияро гузарондем: Раҳмон аз мардум хост, аз буҳрону нархҳо ба таҳлука наафтанд
Дар "Спитаменбонк", ки охири ҳафтаи гузашта қурби пули Русия аз 125 то 130 сомонӣ буд, дар аввали ҳафтаи равон 122 - 125 сомониро ташкил медиҳад.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харидуфурӯш 122 ва 124 сомонӣ муайян намудааст. Охири ҳафтаи гузашта ин нишондод мутаносибан 125 ва 134 сомонӣ буд.
"Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 122 сомонӣ мехараду ба ивази 129 сомонӣ мефурӯшад. Охири ҳафтаи гузашта рубл дар ин муассиса бо нархи 125 - 134 сомонӣ харидуфурӯш мешуд.
Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0