Раҳмон Ҷабборовро бо Наврӯз табрик гуфт

© Пресс-служба президента КыргызстанаВстреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова
Встреча президента Таджикистана Эмомали Рахмона и президента Кыргызстана Содира Джабборова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарвари ҷумҳурӣ дар номаи табрики худ ҳам ба раисҷумҳури Қирғизистон ва ҳам ба мардуми ин кишвар таманнои саломатию хушбахтию сулҳу субот кардааст
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбари Қирғизистон Содир Ҷабборов барқияи идона ирсол кард.
Сарвари ҷумҳурӣ дар номаааш ҳамтояш ва мардуми Қирғизистонро бо ҷашни баҳории Наврӯз табрик гуфтааст.

"Боиси хушнудист, Наврӯзи бостонӣ, ки имрӯз мақоми ҷашни байналмилалӣ гирифтааст, бо мазмуни амиқи маънавии худ хидмат барои манофеи башариятро идома медиҳад", - омадааст дар гузориш.

Раҳмон қайд кард, ки дар шароити душвори иҷтимоиву иқтисодӣ ва геополитикӣ рӯйдодҳое чун Наврӯз аҳамияти хоса доранд.
Раҳбари Тоҷикистон изҳори итминон кард, ки равобити неки ҳамсоягӣ ва ҳамкориҳои Душанбеву Бишкек дар оянда ҳам мувофиқи манфиатҳои ҳар ду ҷониб рушд хоҳанд кард.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.03.2022
Аз Ҷинпин то Сардору Ҷабборов. Паёми шодбошии ҳашт кишвардор ба Эмомалӣ Раҳмон
Дар охир сарвари ҷумҳурӣ ба Ҷабборов саломативу хушбахтӣ ва ба мардуми Қирғизистон сулҳу субот ва шукуфоӣ таманно кардааст.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ҳамватанонро бо иди баҳор табрик гуфта буд. Дар суханронии худ ӯ ба таърихи ҳазорсолаи ҷашн ва идеяи муттаҳидкунандаи он дар бораи баробарҳуқуқии одамон таваҷҷӯҳ кард.
Лентаи хабарҳо
0