Имкони таъсиси маркази "Хидматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД Русия дар Тоҷикистон

© Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонНодири Шахноза Анвар – заместитель министра труда, миграции и занятости населения РТ провела встречу с первым заместителем федерального унитарного предприятия "Паспортно -визовый сервис" Министерства внутренних дел РФ Куликовым Сергеем Викторовичем
Нодири Шахноза Анвар – заместитель министра труда, миграции и занятости населения РТ провела встречу с первым заместителем федерального унитарного предприятия Паспортно -визовый сервис Министерства внутренних дел РФ Куликовым Сергеем Викторовичем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Русия ба Тоҷикистон пешниҳод кард, ки барои содда кардани раванди муҳоҷират дар ҷумҳурӣ намояндагии Корхонаи воҳиди федералии "Хидматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД Русия ифтитоҳ шавад
ДУШАНБЕ, 21 мар — Sputnik. Ин пешниҳод зимни дидори Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовини вазири меҳнати Тоҷикистон бо Куликов Сергей, муовини якуми корхонаи воҳиди федералии "Хидматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид" -и Вазорати корҳои дохилии Русия матраҳ шуд.
Тибқи иттилои намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия, Куликов Сергей, кушодани филиали Корхонаи воҳиди федералии "Хидматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД Русия дар Тоҷикистонро зарур донистааст.
Зикр гардид, ки таъсиси корхонаи мазкур дар Тоҷикистон шароит фароҳам меоварад, ки 80 фисади коргузорӣ зимни таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо пурра пеш аз оғози сафар ба роҳ монда шуда, баъди ворид гардидан ба қаламрави Русия муҳоҷирони меҳнатӣ соҳиби иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ мегардад ва ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ менамояд.
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, шаҳрвандон имконият пайдо менамояд, ки пеш аз сафар аз ташхисти тиббӣ, шароити кории корфармо, қарордоди меҳнатӣ, музди меҳнати худ огоҳ гардида, пас аз муайян намудан бе миёнарав, бо музди меҳнати нисбатан зиёдтар ба кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ сафар намояд.
© Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ТоҷикистонНодири Шахноза Анвар – заместитель министра труда, миграции и занятости населения РТ провела встречу с первым заместителем федерального унитарного предприятия "Паспортно -визовый сервис" Министерства внутренних дел РФ Куликовым Сергеем Викторовичем
Нодири Шахноза Анвар – заместитель министра труда, миграции и занятости населения РТ провела встречу с первым заместителем федерального унитарного предприятия Паспортно -визовый сервис Министерства внутренних дел РФ Куликовым Сергеем Викторовичем  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Нодири Шахноза Анвар – заместитель министра труда, миграции и занятости населения РТ провела встречу с первым заместителем федерального унитарного предприятия "Паспортно -визовый сервис" Министерства внутренних дел РФ Куликовым Сергеем Викторовичем
Оқои Куликов зимни мулоқот изҳор дошт, ки дар ҳолати ҷонибдорӣ гардидани пешниҳод вобаста ба содда гардонидани ҷараёни ҳуҷҷатгузорӣ ва фаъолияти меҳнатӣ, омодаанд, ки бо гурӯҳи корӣ ба Тоҷикистон сафар намоянд.
Ҳамзамон зимни мулоқот тарафҳо маҷмуи масоили муҳоҷиратиро дар Русия, бахусус дар шаҳри Санкт–Петербург ва вилояти Ленинград мавриди муҳокима қарор дода, вобаста ба расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ, мусоидат ба омоданамоии ҳуҷҷатҳои қонунӣ, таҳияи бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), содданамоии ҳуҷҷатҳо барои муайяннамоии ҳолати саломатӣ, баррасии ваъзи ҳуқуқии муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими самти мазкурро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки тибқи тағийрот ба қонунгузории муҳоҷиратӣ пас аз гузаштани ташхиси изи ангуштон ба муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳодатномаи изи ангушт дода мешавад, ки муҳлати амали он 10 сол мебошад.
Аз ҷониби ҳайати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон низ масъалаи пешниҳод намудани бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ бо ҷониби Русия мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Встреча с Председателем Совета Федерации Федерального Собрания России Валентиной Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.02.2022
Аз муҳоҷират то сармоягузорӣ: дидору мулоқоти Раҳмон ва Матвиенко
Аз ҷумла, ҷониби Тоҷикистон пешниҳод кард, ки гузаштан аз ташхиси изи ангушт, ки барои дарёфти патент лозим аст, дар мадди аввал гузаронида шавад.
“Ин талабот имкон медиҳад, ки вобаста ба ваъзи ҳуқуқии муҳоҷири меҳнатӣ маълумоти умумӣ пайдо мегардад ва муҳоҷири меҳнатӣ аз хароҷоти маблағҳои зиёдатӣ пешгирӣ карда мешавад”, - қайд кард муовини вазири меҳнат.
Корхонаи воҳиди федералии "Хизматрасонии шиносномадиҳӣ ва раводид”-и ВКД Русия бо таҳияи банду басти ҳуҷҷатҳои муҳоҷиратӣ, гузариш аз ташхиси тиббӣ, супоридани изи ангушт, хидматрасонии иттилоотӣ ва машваратӣ оид ба масъалаҳои вуруд, будубош, таҳия ва қабули аризаҳо ҷиҳати бақайдгирии муҳоҷиратӣ, иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент), ки мақомоти ҳудудии Вазорати корҳои дохилии Россия пешниҳод менамояд, машғул буда, дар баробари шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург дар 57 минтақаи Русия филлиалҳои худро дошта, дар филлиали шаҳри Санкт – Петербург ва вилояти Ленинград дар як рӯз имконияти қабули беш аз 1500 нафар шаҳрванди хориҷӣ қабул карда метавонад, ки ҳар нафар шахсан бояд муроҷиат намояд.
Инчунин, дар доираи созишномаҳои дуҷониба бо як қатор кишваҳори узви ИДМ намояндагиҳои худро низ дар хориҷи кишвар таъсис дода, ба шаҳрвандони хориҷӣ барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ машғул мебошад.
Лентаи хабарҳо
0