https://sputnik-tj.com/20220322/anduhgin-hamdardi-rahmon-si-jinpin-1046984207.html
Сахт андуҳгин шудем: изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин
Сахт андуҳгин шудем: изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба суқути фоҷиабори ҳавопаймо дар Чин ба кишвардори ин давлат изҳори таслият кард
2022-03-22T13:59+0500
2022-03-22T13:59+0500
2022-03-22T17:10+0500
эмомалӣ раҳмон
чин
си ҷинпин
изҳори ҳамдардӣ
/html/head/meta[@name='og:title']/@content
/html/head/meta[@name='og:description']/@content
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116597_0:0:3115:1753_1920x0_80_0_0_a33284ea7fa529f428fe10987d7bff3f.jpg
ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар робита ба суқути ҳавопаймо дар ҷануби ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кард. Дар робита ба ин президенти Тоҷикистон ба ҳамтои чинияш ва ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷеа ҳамдардиву таслият арз кардааст.Ин садама рӯзи душанбе рух дод. Ҳавопаймои "Boeing 737"-и ширкати "China Eastern Airlines", ки дар масири Кунмин - Ҳуанчжоу парвоз мекард, дар ноҳияи Тенгсиани шаҳри Вучжоу суқут кард.Дар ҳавопаймо 132 нафар – 123 мусофир ва 9 узви экипаж буданд. Ба иттилои телевизиони Чин, дар миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ набуданд. Дар бораи сабабҳои фоҷиа то ҳол маълумоте дар дастрас нест. Наҷотдиҳандагон то ҳол ҷасадҳои мусофиронро наёфтаанд. Пораҳои ҳавопаймои суқуткарда пайдо шудаанд. Дар ҷои ҳодиса беш аз 600 нафар аз наҷотдиҳандагон фаъолият мекунанд. Сӯхторе, ки пас аз садама дар кӯҳҳо сар зад, алакай хомӯш карда шудааст.
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/0d/1044116597_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_fa738cd61c0de68e7e784899032dc697.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rosiya Segodnya“
эмомалӣ раҳмон, чин, си ҷинпин, изҳори ҳамдардӣ
Сахт андуҳгин шудем: изҳори ҳамдардии Эмомалӣ Раҳмон ба Си Ҷинпин
13:59 22.03.2022 (Навсозишуда: 17:10 22.03.2022) Раисҷумҳури Тоҷикистон дар робита ба суқути фоҷиабори ҳавопаймо дар Чин ба кишвардори ин давлат изҳори таслият кард
ДУШАНБЕ, 10 январ - Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин дар робита ба суқути ҳавопаймо дар ҷануби ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кард.
"Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар ҷануби Чин, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд",- омадааст дар номаи таслияти Эмомалӣ Раҳмон.
Дар робита ба ин президенти Тоҷикистон ба ҳамтои чинияш ва ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷеа ҳамдардиву таслият арз кардааст.
Ин садама рӯзи душанбе рух дод. Ҳавопаймои "Boeing 737"-и ширкати "China Eastern Airlines", ки дар масири Кунмин - Ҳуанчжоу парвоз мекард, дар ноҳияи Тенгсиани шаҳри Вучжоу суқут кард.
Дар ҳавопаймо 132 нафар – 123 мусофир ва 9 узви экипаж буданд. Ба иттилои телевизиони Чин, дар миёни онҳо шаҳрвандони хориҷӣ набуданд.
Дар бораи сабабҳои фоҷиа то ҳол маълумоте дар дастрас нест.
Наҷотдиҳандагон то ҳол ҷасадҳои мусофиронро наёфтаанд. Пораҳои ҳавопаймои суқуткарда пайдо шудаанд.
Дар ҷои ҳодиса беш аз 600 нафар аз наҷотдиҳандагон фаъолият мекунанд. Сӯхторе, ки пас аз садама дар кӯҳҳо сар зад, алакай хомӯш карда шудааст.