Дастури Рустами Эмомалӣ барои ҷилавгирӣ аз болоравии беасоси қурби асъор

© Sputnik / Максим БлиновДенежные купюры и монеты.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти додситонӣ муваззаф шудаанд, ки пеши роҳи болобарии сунъии арзиши асъори хориҷӣ дар Тоҷикистонро гиранд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон дар пайи гузориши Юсуф Раҳмон, додситони кулли кишвар ба палатаи болоии парлумон ба масъалаи қурби асъору нархҳо дахл кардааст.
Бар асоси қарори раиси Маҷлиси миллӣ, ки баъди гузориши Юсуф Раҳмон ба парлумон қабул шуд, додситони кулли ҷумҳурӣ муваззаф гардидааст, ки якҷо бо мақомоти марбутаи дигар барои гирифтани пеши роҳи баландшавии беасоси қурби асъор тадбир андешад.
Инчунин дар қарори имзонамудаи Рустами Эмомалӣ ба додситонӣ дастур дода шудааст, ки аз афзоиши сунъии нархҳо дар бозори истеъмолӣ пешгирӣ шавад.
Базар в Кулябе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Ҷангу пандемияро гузарондем: Раҳмон аз мардум хост, аз буҳрону нархҳо ба таҳлука наафтанд
Ин дар ҳолест, ки ба иттилои Юсуф Раҳмон, тайи як соли охир дар натиҷаи натиҷаи санҷиши ҳолати иҷрои қонунгузории танзим ва назорати асъор 176 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 73 парвандаи ҷиноятӣ боз гардидааст.
Инчунин аз муомилоти ғайриқонунӣ148 ҳазор доллари ИМА, 2,1 млн. рубли Русия ва 90 ҳазор сӯми Ӯзбекистон гирифта шуд, афзуд додситони кул.
Ин дар ҳолест, ки бар асоси қонунгузории Тоҷикистон, ки муомилот бо асъор берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0