Даъват шудани Эмомалӣ Раҳмон ба Эрон

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонПрезидент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и президент Ирана Ибрахим Раиси - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Ҷониби Эрон президенти Тоҷикистонро бори дувум барои боздид аз ин кишвар даъват кардааст
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои эронияш Ҳусейн Амирабдуллоҳён гуфтугӯи телефонӣ анҷом додааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Вазорати умури хориҷии Эрон, тамоси вузаро шоми 21 март доир гардида, дар он масъалаҳои дар ҷаласаи Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Исломобод матраҳшаванда баррасӣ гардидааст.
Амирабдуллоҳён ҳамтои тоҷикашро дар оғози ин суҳбати телефонӣ бо фарорасии Наврӯз ва оғози асри нави хуршедӣ табрик гуфта, изҳори умедворӣ кард, ки соли нав ва асри нав дар фазои дур аз зишту пур аз зебоӣ барои мардумони ҷаҳону кишварҳои минтақа шакл гирад.
Министр иностранных дел Республики Таджикистан Сироджиддин Аслов  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.02.2022
Муҳриддин: Итминон дорам, ки равобити Тоҷикистону Эрон густариш меёбад
Доктор Амирабдуллоҳиён ҳамчунин бо ироаи саломи раисҷумҳури кишвараш Иброҳими Раисӣ ба Эмомалӣ Раҳмон даъвати худро ба президенти Тоҷикистон барои боздид аз Эрон такрор кардааст.
Мавриди ба зикр аст, ки қаблан низ раисҷумҳури Эрон дар номаи табрикаш ба зодрӯзи Эмомалӣ Раҳмон ӯро бо сафари расмӣ ба Теҳрон даъват карда буд.
Ӯ бо ишора ба нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Исломӣ дар Покистон изҳори умедворӣ кард, ки бо талошҳои кишварҳои узв ин созмон як созмони маҳаллии ҳамдардӣ ва ҳамбастагии уммати мусалмон бошад ва аз вуруд ба арсаҳое, ки ба ваҳдат, якпорчагии ин созмону уммати Ислом латмае месозад, парҳез кунад.
Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон низ дар навбати худ бар зарурати ҳифзи ваҳдат дар Созмони Ҳамкории Исломӣ таъкид кард.
Ҳамзамон вазирон нишасти дарпешистода дар мавзуи Афғонистонро, ки ҳафтаи оянда дар Чин баргузор мешавад, баррасӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0