Гарму бебориш: пешгӯии дақиқи обуҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Рамиль СитдиковЦветение персиковых деревьев
Цветение персиковых деревьев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Пас аз боронҳои шадид ҳавошиносон дар Тоҷикистон ҳавои гарми беборишро пешгӯӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputniк. Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон дар ВМКБ ҳавои тағйирёбанда, асосан беборишро пешгӯӣ мекунад.
Ба иттилои манбаъ, ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд низ ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ласточка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Марти мисли баҳори ҳудуди 40 сол пеш: сокинони Тоҷикистонро баҳори серун интизор аст
Хатлониёнро ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш ва гармиҳои бештар интизор буда, шамол дар минтақа аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.
Дар водиҳо шабона 5+10, рӯзона 17+22, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7, рӯзона 8+13 дараҷа гармӣ пешгӯӣ мешавад .
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзна 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, шабона 4+6 ва рӯзона 18+20 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0