Мир Мафтун ба Тоҷикистон баргашт

Афганский певец Мири Мафтун
Афганский певец Мири Мафтун - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Мир Мафтун қаблан, чанд моҳ пеш аз суқути аксари вилоятҳои Афғонистон ба дасти толибон ба Тоҷикистон омада буд ва чанд муддат дар кишвар ба сар мебурд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Овозхони маъруфи Афғонистон Мир Мафтун дубора ба Тоҷикистон баргашт. Иллати омадани Мир Мафтун таҷлили Наврӯз ва баргузор кардани чанд барномаҳои консертӣ дар пойтахт ва шаҳру навоҳии Тоҷикистон гуфта мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Мир Мафтун мебоист соли гузашта низ дар Наврӯзи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекард, вале ба далели авҷ гирифтани коронавирус сафари ӯ ба кишвар лағв шуд.
Охирин бор Мир Мафтун замоне дар Тоҷикистон қарор дошт, ки дар Афғонистон ноамнӣ ҳукмрон ва ҳукумати ин кишвар дар ҳоли суқут буд.
Национальные танцы в Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Баргузории фестивали байналмилалии “Наврӯз - мероси фарҳангии сайёҳӣ” дар Душанбе
Баъдан Ҳоҷӣ Малик Парвоз, рӯбобнавози Мир Мафтун ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, овозхони маъруф ба Ватан баргаштааст.
Мири Мафтун бори аввал соли 2013 бо даъвати президент ба Тоҷикистон омада, барнома иҷро карда буд. Дар як маҳфил Эмомалӣ Раҳмон ӯро як ҷомаи зардӯхти тоҷикӣ туҳфа кард, ки баъдҳо бо он дар барномаҳои телевизионҳои Афғонистон баромад карда, бо ифтихор мегуфт, он туҳфаи раисҷумҳури Тоҷикистон аст.
"Зинда бод ислом!": Ҳунарнамоии Мир Мафтун дар назди толибон - видео
Аз ҳамон солҳо ба ин сӯ Мир Мафтун меҳмони ҳамешагии Тоҷикистон мешуду дар консерту ҷашнвораҳои гуногуни кишвар иштирок мекард. Соли равон ӯ дар шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат ва Бохтар, дар се консерти наврӯзӣ бо иттифоқи ҳамтоёни тоҷики худ ширкат кард.
Соли 2020 Вазорати фарҳангу иттилооти Афғонистон ба ӯ унвони Устодро дод, ки бузургтарин арҷгузорӣ ба ҳунару истеъдоди як овозхон дар Афғонистон маҳсуб мешавад.
Мир Мафтун ҳудуди 60 сол дошта, дар маркази вулусволии Ишкошим зиндагӣ мекунад ва асосан бо хондани сурудҳои маҳаллӣ маъруф гаштааст. Вай як писар дорад.
Лентаи хабарҳо
0