Мураббии "Хатлон" сирри муваффақияти аҷиби дастаро ошкор кард

© ФФТАслиддин Хабибуллоев - новый главный тренер команды "Хатлон"
Аслиддин Хабибуллоев - новый главный тренер команды Хатлон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Эксклюзив
Мураббии даста нақл кард, ки чӣ гуна футболбозон Ҷоми ЛФТ-ро ба даст овардаанд ва инчунин нақшаҳои ояндаи тимашро ошкор намуд
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Сармураббии дастаи "Хатлон" Аслиддин Ҳабибуллоев дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон сирри пирӯзии боварибахши дастаро дар Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон ифшо кард.
Мураббӣ 2 сол боз бо ин бошгоҳ кор мекунад, аммо бори аввал дар якҷоягӣ бо бозигарон соҳиби ҷом гардид. Барои роҳ ёфтан ба финали Ҷоми Лигаи футболи Тоҷикистон "Хатлон" бояд рақибони пурқувватро мағлуб мекард.
Баъди истеъфо аз "Куктош": Ҳабибуллоев ба "Истаравшан" меравад
Дастаи "Бохтар" бар дастаи "Равшан" (Зафаробод) аввалин ғалаба ба даст овард. Баъдан "Хатлон" бар "Хуҷанд" бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуда, бо ССКА ба бархӯрди пуршиддат ворид шуд. Натиҷаи бозиро 7 дақиқаи охир ҳал кард: футболбозон ба дарвозаи ҳариф 3 тӯб зада, ба финал баромаданд.
Зимнан варзишгаронро дастаи "Равшан"-и Кулобро интизор буд. Бозии ҳалкунанда "Бохтар"-ро натарсонд. Ба гуфтаи Ҳабибуллоев, чанд пирӯзии қаблӣ бовари онҳоро ба ғалаба бештар кард.
"Аввал Умарҷон Шарифов тӯбро ба ҳадаф расонд. Баъдан ҳамлагар Жан Гатен ва капитани даста Равшан Азизов корти сурх гирифтанд. Сипас сафи бозигарон то 9 нафар коҳиш ёфт", - гуфт сармураббии Хатлон.
Ӯ қайд кард, ки аз майдон рафтани капитани даста ва набудани ду бозигар рӯҳияи бозигаронро хеле паст мекунад.
"Равшан" аз фурсат истифода бурда, кӯшиш кард, ки болои бохтариҳо фишор оварад. Аммо "Хатлон" ҳам дар ҳимоя ва ҳам дар нимҳимоят хуб баромад кард.
"Бо маслиҳати ёварамон Меҳроб Заурбеков як қатор тағйироти тактикӣ ба амал овардем, ки натиҷаи хуб дод. Аз ҷумла иваз кардани дарвозабон дар силсилаи 11-метра. Дарвозабон маҳорати худро нишон дода, ду ҷаримаи пеналтиро бартараф кард", - гуфт Ҳабибуллоев.
Илова бар ин мураббии "Хатлон" дар бораи нақшаҳои даста сухан гуфт. Бохтариён ба мавсими нав омодагӣ мебинанд.

"Дар пеш чемпионат ва Ҷоми Тоҷикистон аст. Мо мекӯшем, ки худамон ва маҳорати худро то ҳадди имкон нишон диҳем, барои гирифтани медал мубориза мебарем", -таъкид кард мураббии даста.

Ёдовар мешавем, ки Ҳабибуллоев моҳи январи соли 2020 боз ба ҷои Меҳроб Заурбеков ба вазифаи мураббии дастаи "Хатлон" омада буд. Қаблан ӯ дар ин вазифа кор карда, бо бошгоҳи "Бохтар" медалҳои тило (2009) ва биринҷӣ (2010)-и Лигаи олии Тоҷикистонро ба даст оварда буд.
Ҳабибуллоев қабл аз фаъолият ба унвони мураббӣ дарвозабон буд. Соли 2003 ӯ беҳтарин футболбози кишвар шуд. Солҳои зиёд ба ҳайси капитани тими миллии Тоҷикистон кор карда, соли 2006 бо он барандаи Ҷоми даъвати КФО шуд.
Лентаи хабарҳо
0