Равобити Русияву ИМА дар остонаи шикаст

© AFP 2022 / ALEXANDER NEMENOVМИД России
МИД России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазорати хориҷаи Русия мегӯяд, изҳороти Байден дар бораи Путин равобити Амрикову Русияро дар остонаи қатъшавӣ қарор додааст
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки суханони таҳқиромези Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар бораи Владимир Путин равобити Русия ва Амрикоро бадтар мекунад.
Байден ҳафтаи гузашта гуфт, ки вай Путинро "ҷинояткори ҷангӣ", "диктатори марговар" ва "роҳзани холис" медонад.
Дар робита ба ин Ҷон Салливан, сафири Амрико дар Русия ба Вазорати хориҷа эҳзор ва ба он нотаи эътирозӣ ба ӯ супурда шуд.
Вазорати хориҷаи Русия дар барқияи худ гуфтааст: "Чунин изҳороти раисҷумҳури Амрико, ки шоистаи як мақоми баландпоя нест, равобити Русия ва Амрикоро дар остонаи қатъшавӣ қарор додааст".
Рӯзи 21 март Вазорати корҳои хориҷии Русия ба изҳороти ахири Байден дар бораи Владимир Путин ба сафири ИМА дар Маскав нотаи эътирозӣ ироа кард.
Флаг США - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
"Веймар ё Зимбабве?" Амрико ба ояндаи худ назар мекунад
Муносибатҳои Русияву ИМА дар остонаи харобшавӣ қарор доранд.
Салливан огоҳӣ дода шуд, ки ҳар хусумат алайҳи Русия "қотеона рафъ хоҳад шуд".
Илова бар ин сафир барои "тазмини шароити кори одӣ барои дипломатҳои рус дар ИМА, аз ҷумла таъмини фаъолияти бефосилаи онҳо" шадидан интиқод шудааст.
Дмитрий Песков, сухангӯи Кремл чунин изҳороти раисҷумҳури Амрикоро дар бомбгузориҳо, ки садҳо ҳазор нафар дар саросари ҷаҳон куштаанд, ғайриқобили қабул ва нобахшиданӣ хонд.
Песков таъкид кард, ки ин аввалин таҳқири шахсии раҳбари Амрико нисбат ба Путин нест. Дар ҳамин ҳол сухангӯ таъкид кард, ки Кремл паёми Байденро тунд арзёбӣ нахоҳад кард, то ташаннуҷи бештарро ба вуҷуд наорад.
Лентаи хабарҳо
0