Роҳбандӣ дар Душанбе: кадом масир ва то кай баста мешавад

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар Душанбе бинобар баргузории Қаҳрамонии велосипедронии Осиё муддати панҷ рӯз аксари масирҳои пойтахт масдуд мешаванд
Душанбе мизбони Қаҳрамонии велосипедронии Осиё мешавад. Ба хотири баргузории ин чорабинӣ муддати панҷ рӯз аксари роҳҳои мошингарди пойтахт масдуд мешаванд.
Ба иттилои шаҳрдории Душанбе, маҳдудиятҳо аз 25 то 30 март амал мекунанд.
Ҳамин тавр аз 25 то 27 март, аз соати 09:00 то 17:00 ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз буриши хиёбонҳои Рӯдакӣ - Айнӣ тавассути хиёбони Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, кӯчаҳои Ҳ. Шерозӣ - Карамов пайваст ба хиёбони Рӯдакӣ манъ аст.
Эълони панҷ рӯзи роҳбандӣ дар Душанбе
Инчунин аз 28 то 30 март, аз соати 07:30 то 16:00 ҳаракати нақлиёт аз ҳалқаи буриши хиёбони С. Айнӣ - кӯчаи Дӯстии халқҳо, хиёбонҳои Айнӣ, Рӯдакӣ то маҳаллаи Чорбоғ, хиёбонҳои Ҳ.Шерозӣ, С.Шерозӣ, кӯчаи Н.Қарабоев, роҳи мошингарди Душанбе - Бохтар то деҳаи Ачии ноҳияи Хуросон ва бозгашт бо кӯчаҳои Н.Қарабоев, С.Шерозӣ, хиёбонҳои А. Сино, И.Сомонӣ, Н.Махсум то маҳаллаи Зафар ва бозгашт тавассути хиёбонҳои Н.Махсум, И.Сомонӣ, Рӯдакӣ то майдони Дӯстии халқҳо маҳдуд мегардад.
Шаҳрдорӣ аз шаҳрвандон дархост кардаааст, ки аз 25 то 30 март аз истифодаи воситаҳои нақлиёти шахсӣ худдорӣ ва аз нақлиёти ҷамъиятӣ, автобусҳо истифода намоянд.
Лентаи хабарҳо
0