Русия шарти одисозии равобит бо Амрикоро гуфт

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузаштан ба хазинаи аксЗдание Министерства иностранных дел РФ в Москве
Здание Министерства иностранных дел РФ в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия шартҳоеро гуфт, ки иҷрои он ба одисозии равобити Вашингтон бо Маскав замина мегузорад
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Сергей Рябков, муовини вазири умури хориҷии Русия гуфтааст, кишвараш омодааст, равобит бо Амрикоро ба эътидол оварад, ба шарте ки Вошингтон аз ташдиди бештар дар ҳама сатҳҳо худдорӣ кунад ва ба Киев таъсир расонад.
Муовини вазири умури хориҷии Русия гуфт, "дурнамои ба эътидол овардани равобит вуҷуд дорад, ҳарчанд ба ин умед кам аст".

"Барои ба эътидол овардани равобит Иёлоти Муттаҳидаро танҳо лозим аст, ки ташаннуҷро чӣ ба таври шифоҳӣ ва чӣ аз ҷиҳати ирсоли силоҳ ба режими Киев бас кунад",- гуфт ӯ.

"Иёлоти Муттаҳида бояд таҳдиди Русияро бас кунад. Агар он ба Киев таъсири мусбӣ расонад, ман, албатта, на танҳо шубҳа надорам, балки ба навъе бовар дорам, ки ин тавр нахоҳад шуд, пас дар оянда имкони ба эътидол овардани муносибатҳо вуҷуд дорад.
"Мо идомаи коҳиши равобит бо Русияро мушоҳида мекунем, ки айби Иёлоти Муттаҳида аст. Аз ин мутаассифем, аммо ин ба азми мо барои расидан ба ҳадафҳои амалиёти вижа ва риояи муқаррарот ҳеҷ таъсире нахоҳад дошт",- афзуд номбурда.
Муовини вазири умури хориҷии Русия гуфт, ки равобити Русия ва Амрико ба айби ИМА дар остонаи шикаст қарор дорад ва ин сиёсатест, ки Вашингтон онро интихоб хоҳад кард.
МИД России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Равобити Русияву ИМА дар остонаи шикаст
Ҳафтаи гузашта Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико Владимир Путин, раисҷумҳури Русияро "ҷинояткори ҷангӣ", "диктатори марговар" ва "роҳзан" номида буд.
Маскав ин изҳоротро таҳқиромез арзёбӣ кард. Сафири ИМА дар Русия Ҷон Салливан ба департаменти давлатӣ даъват ва ба ӯ нотаи эътирозӣ супурда шуд.
Вазорати умури хориҷии Русия гуфтааст, ки чунин изҳороти раисҷумҳури Амрико шоистаи як арбоби давлатӣ дар чунин мақом нест, ки равобити Русия ва Амрикоро дар остонаи шикаст қарор додааст.
Сухангӯи Кремл Дмитрий Песков дар вокуниш ба изҳороти раҳбари Амрико гуфт, чунин суханронии сарвари давлат, ки садҳо ҳазор нафарро дар саросари ҷаҳон куштааст, нобахшиданист.
Лентаи хабарҳо
0