Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Навор аз шаҳри харобшудаи Волноваха - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Наворҳо аз шаҳри Волноваха нашр шудаанд, ки дар он харобиҳо бар асари даргириҳои мусаллаҳона инъикос ёфтаанд
Аҳолии осоишта, ки чандин рӯзро дар таҳхонаҳо гузаронданд, аллакай ба кӯчаҳои Волноваха баромаданро оғоз кардаанд.
Хабарнигори Sputnik аз Волноваха боздид намуд, ки ахиран макони даргириҳои шадиди мусаллаҳона буд.
Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи ҷумҳурии Донетск ба аҳолии осоишта, ки чандин рӯзи охирро дар таҳхонаҳо гузаронданд, кумаки гуманитариро дастрас кард.
,Дар мағозаҳои сайёри ташкилшуда дар боркашҳо аллакай сокинон метавонанд, шир, нон, гӯшт харанд. Инчунин сӯзишворӣ пешниҳоди сокинон мешавад.
Дар шаҳри харобгашта ҳаёти осоишта оҳиста - оҳиста барқарор шуда истодааст. Тиҷорату тақсими кумаки башарӣ дар кӯчаҳо ба роҳ монда шудаст. Беморхона барқарор шуда истодааст.
Волноваха дар 35-километрии ҷанубу ғарбии Донетск ҷойгир буда, ба ҳолати аввали соли 2021 ҳудуди 21,5 ҳазор нафар истиқоматкунанда дошт. Шаҳр аз ҷониби нерӯҳои Донетск 10 рӯз қабл ишғол карда шуд. Ба иттилои мақомоти Донетск зимни амалиёти низомӣ 85%-и фонди манзили шаҳр осеб дид.
Лентаи хабарҳо
0