Дар суқути "Boeing 737" дар Чин ягон нафар зинда ёфт нашуд

© AFP 2022 / Handout / New Taipei City Fire Department / AFPСпасатели на месте крушения поезда в туннеле в горах Хуалянь (2 апреля 2021). Восточный Тайвань
Спасатели на месте крушения поезда в туннеле в горах Хуалянь (2 апреля 2021). Восточный Тайвань - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳавопаймо то дучори суқут шудан зиёда аз 8,9 ҳазор парвоз анҷом дода, тӯли умумии парвозҳояш беш аз 18 ҳазор соатро ташкил медод
ДУШАНБЕ, 22 мар — Sputnik. Гурӯҳҳои наҷотбахш то ҳол ягон нафари зиндамонда пас аз суқути ҳавопаймои мусофирбарии "Boeing 737"-и ширкати "China Eastern Airlines" дар ҷануби Чинро пайдо накардаанд.
Дар ин бора Чжу Тао, сухангӯи идораи авиатсияи граждании ин кишвар ба хабарнигорон иттилоъ додааст.

"Дар ҳавопаймо 123 мусофир буда, дар миёни онҳо шаҳрванди хориҷӣ набуд. Ҳайати экипаж аз 9 нафар иборат буд. То имрӯз касе аз онҳо зинда пайдо нашудааст", - гуфт ӯ дар нишасти хабарӣ.

Ҳавопаймо дар баландии 8,9 километр парвоз мекард ва соати 14:20 дақиқа диспетчерҳо пай бурданд, ки он хеле паст фаромадааст, борхо хостанд, ба экипаж занг зананд, вале аз тараф посухе дарёфт накарданд.
Cамолет Boeing 737 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.03.2022
Сабаби суқути ҳавопаймои "Boeing 737"-и чинӣ маълум шуд
Зимнан, соати 14:23 дақиқа ҳавопаймо аз радар нопадид шуд.
Гуфта мешавад, ин ҳавопаймо то суқут кардан беш аз 8,9 ҳазор парвоз анҷом дода, тӯли умумии парвозҳояш беш аз 18 ҳазор соатро ташкил медод.
Қаблан расонаҳои чинӣ фарзияи суқути ҳавопаймо дар музофоти Тенгсиани Вучжоуро мунташир карда буданд.
Ба гузориши рӯзномаи чинии "Ҳуантмю Шибао", сабаби суқути ҳавопаймои "China Eastern Airlines" эҳтимол аз кор мондани муҳаррикаш дар ҳаво бошад.
Лентаи хабарҳо
0