"Аллигатор"-ҳои Русия анбори силоҳ дар Украинаро нобуд карданд - видео

Обуна шудан
Вазорати мудофиаи Русия видеоҳои ҷадиди истифодаи чархболҳои Ка-52, маъруф ба "Аллигатор"-ро дар амалиёти Украина нашр кард
Чархболҳои Ка-52 ва ё худ "Аллигатор"-и Русия аз масофаи 7 км анбори аслиҳаи нерӯҳои Украинаро нобуд сохтанд.
Видеои амалиёти чархболҳоро Вазорати дифои Русия нашр кардааст.
Дар видео намоиш дода шудааст, ки "Аллигатор"-ҳо бо зарбаи мушакҳои зиддитанкии "Вихр" анбори силоҳро тахриб карданд.
Ка-52 такягоҳи нерӯҳои украиниро тахриб кард - навор
Ин нахустин видеоҳо аз корбарии чунин чархболҳо дар Украина набуда, қаблан низ корнамоии халабонҳои ин дастгоҳҳои ҷангӣ нашр шуда буданд. Чархболҳои Ка-52, ки бо номи "Аллигатор" маъруфанд, амалиётро ҷуфтӣ анҷом додаанд.
Ин намуди чархболҳои зарбазану истихборотӣ барои амалиёт дар баландиҳои камтар аз замин пешбинӣ шуда, барои нобудсозии техникаи зиреҳпӯш ва ҳайати ҳариф истифода мешаванд.
Аз нерӯҳои ҳавоии низомии Русия дар Украина барои ҳимояи қатори мошинҳои низомӣ, тахриби мошинҳои зиреҳӣ, интиқоли десант ва бори низомӣ истифода мешавад.
Лентаи хабарҳо
0