Имрон Хон: Танҳо давлати босубот дар Афғонистон метавонад бо терроризм мубориза кунад

© POOL / Гузаштан ба хазинаи аксПремьер-министр Пакистана Имран Хан
Премьер-министр Пакистана Имран Хан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нахуствазири Покистон бо изҳори ин ки адами расмияту таҳрим танҳо таҳдидоти кунунӣ алайҳи Афғонистон ҳастанд, таъкид кард, фақат як давлати босубот метавонад бо тероризм муқобила кунад
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ба гузориши Sputnik Афғонистон, Умрон Хон, нахуствазири Покистон дар чиҳилу ҳаштумин нишасти Шӯрои вазирони хориҷаи Созмони Ҳамкории Исломӣ изҳор кард, ки барои нахустин бор дар 40 соли гузашта ҳеҷ даргирӣ дар Афғонистон вуҷуд надорад.
Вай афзуд, акнун танҳо хатаре, ки Афғонистонро таҳдид мекунад, таҳримҳо (алайҳи Афғонистон) ва адами ба расмият шинохтани давлати толибон аст, ки метавонад мунҷар ба буҳрони инсонӣ шавад.
Ба иттилои манбаъ, нахуствазири Покистон бо изҳори ин ки эҷоди субот дар Афғонистон "бисёр муҳим" аст, тасреҳ кард, ин танҳо роҳе аст, ки “метавонем тероризми байналмилалиро аз хоки Афғонистон мутаваққиф кунем”.
Умрон Хон идома дод: “Биёед, таваҳҳум надошта бошем, ки кишвар дигаре метавонад бияёд ва аз тариқи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин бо тероризм мубориза кунад. Танҳо роҳи муқобила бо тероризми вуҷуди як давлати босубот дар Афғонистон аст”.
Нахуствазири Покистон ҳамчунин аз Созмони Ҳамкории Исломии хост, то мардуми Афғонистонро ташвиқ кунад ва онҳоро дар ҷомеаи байналмилалӣ бигунҷонад.
Вай бо изҳори ин ки "мардуми Афғонистон он қадр қавӣ ҳастанд, ки битавонанд такомул ёбанд ва дар масири дуруст ҳаракат кунанд", афзуд, "ҳар кас, ки шахсияти афғонҳоро мешиносад, бояд эҳтиёт кунад, лутфан мардуми Афғонистонро дар ҷое ки эҳсос мекунанд, ҳокимияти онҳо дар маърази таҳдидаст, қарор надиҳед".
Лентаи хабарҳо
0