Кремл гуфт, Русия кай аз силоҳи ҳастаӣ истифода хоҳад кард

© Sputnik / Алексей МайшевМосковский Кремль.
Московский Кремль. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндаи Кремл мегӯяд, ҳолати истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русияро Консепсияи миллии амният мушаххасан муқаррар кардааст
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Русия метавонад аз силоҳи ҳастаӣ дар ҳолати хатар ба мавҷудияти кишвар истифода кунад, изҳор дошт сухангӯи президенти ин кишвар Дмитрий Песков.
Намояндаи Кремл дар суҳбат бо расонаи амрикоии CNN гуфт, сабабу ҳолатҳои истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Русияро Консепсияи амнияти миллӣ муқаррар кардаст.

"Дастрасӣ ба Консепсияи амнияти миллӣ озод аст, метавонед тамоми сабабҳоеро, ки Русия метавонад аз силоҳи ҳастаӣ кор гирад, хонед. Яъне агар хатар ба мавҷудияти кишвар бошад, Русия метавонад аз ин силоҳ истифода кунад", - таъкид намуд Песков.

Ӯ таъкид намуд, ки далоили дигари истифодаи силоҳи ҳастаӣ дар матни консепсия зикр нашудаанд.
Қаблан ноиби вазири умури хориҷии Русия Сергей Рябков гуфта буд, Маскав хеле бомасъулиятона бо силоҳи ҳастаӣ муносибат мекунад. Ӯ зикр намуд, ки Русия якҷо бо абарқудратҳои ҳастаии дигар усулҳои бунёдии марбут ба ин навъи силоҳро таъйид намуда буд, ки "дар ҷанги ҳастаӣ наметавонад касе ғолиб бошад ва он ҳеч гоҳ нобояд оғоз шавад".
Флаг НАТО, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Азаров: НАТО ҷанги ҳастаӣ оғоз карданӣ буд, аммо Русия нақшаҳояшро барбод дод
Дар оғози моҳи январ Русия, ИМА, Чин, Бритониёи Кабир ва Фаронса дар мавриди пешгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ ва роҳ надодан ба сабқати мусаллаҳшавӣ изҳорот доданд.
Пештар Песков изҳор дошта буд, ки Владимир Путин, президенти Русия, аз ҷумла ба ҳайси сарфармондеҳ тамоми чораҳоро барои амнияти шаҳрвандон андешида истодааст. Намояндаи Кремл таъкид намуд, ки Русия дар "иҳотаи хушунат" қарор дораду пайваста аз кишварҳои НАТО изҳороти "комилан ғайридӯстона" мешунавад.
Лентаи хабарҳо
0