Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қодиров ба Зеленский кор пешниҳод кард

© Sputnik / Саид ЦарнаевГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбари Чеченистон ба Зеленский дар телевизиони ин ҷумҳурии Русия кори изофӣ пешниҳод кард
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров ба Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар телевизион кори изофӣ пешниҳод кард. Ӯ дар ин бора дар шабакаи телеграмии худ хабар дод.
"Ҳамин ки Зеленский ба даъвати мо дар бораи қатъи муқовимат посух доду пушти мизи музокироти сулҳ нишаст, мо ба ӯ чунин имкониятро медиҳем. Мо метавонем ҳатто дар шабкаи давлатии телевизиони Грозний барои ӯ як намоиши алоҳида ташкил кунем", — навиштааст Қодиров.
Ба гуфтаи раисҷумҳури Чеченистон, чунин пешниҳод бо дархости ҳамватанаш, ки ҳоло дар як амалиёти вижа дар Украина ширкат дорад, сурат гирифтааст.

"Баъд аз анҷоми амалиёти низомӣ раисҷумҳури собиқи Украина бояд дар ҷое пул кор кунад. Аюб хоҳиш кард, ки ба ӯ имкон диҳем, дар ҳайати дастаи Ҷумҳурии Чеченистон дар КВН баромад кунад", - гуфт Қодиров. .

Вай ҳамчунин афзуд, ки пешниҳоди ӯ барои як муддати маҳдуд эътибор дорад, зеро "дер мешавад".
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Весь мир получил команду фас!: Лавров - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Ҷаҳон фармони "фас" гирифт: суханронии Лавров дар бораи русбадбинӣ дар Ғарб - видео
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0