Русия содироти шакар ба Тоҷикистонро мутаваққиф кард: сабаб

© PixabayСахар песок
Сахар песок - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Коршиносон шарҳ доданд, ки вазъи афзоиши талабот ба шакар ва содироти он аз Русия ба дигар кишварҳо чӣ гуна сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ҳаяҷон дар атрофи гарон ва камчин шудани шакар ҷавобгӯ ба қонунҳои бозор аст, шарҳ медиҳанд таҳлилгарони гурӯҳи "Sugar".
Агар қаблан қанд аз рӯи эҳтиёҷоти оила харидорӣ мешуд, ки ба ҳисоби миёна ин як қуттӣ шакар дар як моҳ аст, ҳоло ҳама кӯшиш мекунанд, онро ба таври ҳаддиаксарӣ захира кунанд.
Ин муносибат аз эҳтиёҷот хеле зиёд аст ва сохтори мутавозини таъминотро вайрон мекунад.
Маҳз аз ин рӯ бузургтарин занҷирҳои чаканаи федералӣ ва минтақаӣ тасмим гирифтанд, ки фурӯши шакари донадорро маҳдуд кунанд.
Мешки с мукой  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.03.2022
Нархи орд дар Тоҷикистон гарон шуд
Шуъбаи бозори матлуботи ноҳияи Дон тавзеҳ дод, ки коҳиш додани фурӯши шакар на аз кам шудани захираҳо дарак медиҳад, балки зарурати кафолат додани дастрасии шаҳрвандон ба ин маҳсулот мебошад.
Тибқи таҳлили хадамот, дар моҳи январи соли 2022 Русия панҷ ҳазор тонна қанди сафед ворид кардааст. Ҳаҷми воридот дар ду соли охир тақрибан дар як сатҳ боқӣ мондааст - 5,7 ҳазор тонна дар соли 2021 ва 5,8 ҳазор тонна дар соли 2020.
Таъминкунандагони асосии мол Беларус ва Озарбойҷон будаанд, ки мутаносибан 94% ва 2,6% ашёи хоми ширинро ба Русия фурӯхтаанд.
То ҳол вобастагии Тоҷикистон аз воридоти гандум идома дорад
Дар ҳамин ҳол дар моҳи январи соли 2022 Русия 25,5 ҳазор тонна қанди сафед содир кардааст, ки нисбат ба соли 2021 6,9 ҳазор тонна бештар будааст. Кишварҳои асосии воридкунанда Қазоқистон ва Украина будаанд, ки мутаносибан 77,96% ва 13,39% аз Федератсияи Русия қанд гирифтаанд.
Бо дарназардошти равобити тиҷорӣ дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Иқтисодии Авруосиё шакари русӣ ба кишварҳои ин иттиҳод низ содир мешавад.
Дар пасманзари болоравии қимати доллар барои таъминкунандагони рус на дар дохили кишвар, балки ба хориҷи кишвар фурӯши шакар фоидаовартар шуд. Аз ҷумла, қанди Русия ба Қирғизистон, Арманистон ва Тоҷикистон фиристода шуд, гуфт Вадим Гомоз, раҳбари гурӯҳи таҳлилии "Sugar".

"Ду роҳ дорем: фурӯши шакар ба ҳамсояҳо ё дар бозори дохилӣ. Дар ҳолати аввал шакар бо асъори хориҷӣ бо нархи ҷаҳонӣ фурӯхта мешавад. Азбаски доллар афзоиш ёфту рубл поин рафт, ҳоло содироти он фоидаовартар аст”, - гуфт коршинос.

Маълум аст, ки 11 март Русия содироти шакар ва қанди хомро то 31 август муваққатан манъ кард.
Лентаи хабарҳо
0