Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Песков гуфт, иштироки СААД дар амалиёти Украина баррасӣ нашудааст

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков
Пресс-секретарь президента РФ Дмитрий Песков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Сухангӯи раисҷумҳури Русия масаъалаи иштироки нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар амалиёти низомӣ дар Украинаро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Ҷалби нерӯҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ дар доираи ин созмон баррасӣ нашудааст.
Дар ин бора Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури Русия ба хабарнигорон иттилоъ дод.

"То ҷое ман медонам, чунин масъалаҳо дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ баррасӣ нагардидаанд", - гуфт сухангӯи президенти Русия.

Ӯ ҳамчунин дар мавриди имкони иштироки Беларус дар амалиёти низомии Украина изҳор дошт, ки дар ин бора президенти он кишвар Александр Лукашенко аллакай изҳори назар кардааст. Песков зикр намуд, ки тафсилоти бештарро намедонад, чун сухангӯи президенти Русия аст ва бояд хабарнигорон ба мақомдорони Дастгоҳи президенти Беларус муроҷиат намоянд.
Қаблан Лукашенко изҳор карда буд, нияти иштирок дар амалиёти низомӣ дар Украинаро надорад.
СААД 15 майи соли 1992 бо имзои Созишнома дар бораи Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар Тошканд аз ҷониби сарони Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон ташкил шуд. Соли 1993 Озарбойҷон, Беларус ва Гурҷистон ба СААД пайвастаанд. Аммо Озарбойҷон, Гурҷистон ва Ӯзбакистон аз ин созмон хориҷ шуданд.
Встреча глав МИД РФ и Ирана С. Лаврова и Х. Амира Абдоллахиана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Лавров сабаби кундии музокирот бо Украинаро гуфт
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0