Дар Афғонистон духтарони наврас боз аз таҳсил канор монданд

© REUTERS \ Zohra BensemraУченица 4-го класса начальной школы возвращается домой, Кабул, Афганистан
Ученица 4-го класса начальной школы возвращается домой, Кабул, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Обуна шудан
Дар Афғонистон духтарони то синфи шаш аз таҳсил боз канор монданд. Дар ҳоле ки толибон ваъдаи ифтитоҳи мактабҳо ва ба таҳсил фаро гирифтани тамоми толибилмонро дода буданд
ДУШАНБЕ, 23 мар — Sputnik. Вазорати маорифи Афғонистон иштироки духтарони аз синфи шаш боло дар мактабҳоро манъ кард. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе шабакаи телевизионии Афғонистон "Ariana News" хабар дод.
Ба гузориши манбаъ, вазорат эълом кардааст, ки "мактабҳо барои духтарони наврас то соли оянда баста мешаванд". Бо оғоз шудани соли хониш танҳо духтарони то синфи шашум ба дарс шуруъ карда метавонанд.
Тибқи фармони ин ниҳод, “агар либоси ягонаи духтаронаи синфҳои ҳафтум то дувоздаҳум тибқи меъёрҳои шариат (қонунҳои исломӣ), анъана ва фарҳанги миллӣ тарҳрезӣ шуда бошанд, пас бо фармони Иморати Исломии Афғонистон мактабҳо барои онҳо боз хоҳанд шуд".
Девочки на занятиях в одной из школ Кабула, Афганистан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.02.2022
Донишгоҳи политехникии Кобул аз оғози дарсҳо барои писарону духтарон гуфт
Рӯзи 22 март Вазорати маорифи толибон итминон дод, ки "ҳамаи мактабҳо, мадрасаҳо ва коллеҷҳои омӯзгорӣ рӯзи чаҳоршанбе дубора боз хоҳанд шуд".
Ин дар ҳолест, ки моҳи феврал Вазорати маориф эълом карда буд, ки соли таҳсил дар Афғонистон ҳам барои писарон ва ҳам духтарон рӯзи аввали соли нави ҳиҷрии шамсӣ, яъне баъд аз 21 март оғоз мешавад.
Он замон қайд гардид, ки дар синфхонаҳо барои духтарон омӯзгорони зан ва барои писарон мардон дарс медиҳанд.
Аксари мактабҳо дар пойтахти Афғонистон аз замони ба сари қудрат омадани толибон то моҳи гузашта баста буданд.
Мактабҳои миёнаи писарон баъди чанде боз шуданд, аммо ширкати духтарон дар он макотиб мамнуъ гашт.
Лентаи хабарҳо
0