Идомаи ҳавои серун: пешгӯии дақиқи обуҳаво дар Тоҷикистон

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузаштан ба хазинаи аксПрохожие у цветущих деревьев в парке
Прохожие у цветущих деревьев в парке - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Тоҷикистониёнро ҳавои тағйирёбанда ва боришоти барфу борон интизор аст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Ожонсии ҳавошиносӣ мегӯяд, дар ВМКБ ҳаво қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳо боришоит борон ва барф ба амал меояд.
Ба иттилои манбаъ ҳаво дар ғарби вилоят шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 3+8 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона 5-10 дараҷа хунук, рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм,мешавад.
Дар вилояти Суғд бошад, ҳавои қисман абрнок шуда, дар баъзе ноҳияҳои водибуда борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 2+7, рӯзона 10+15 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ласточка - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.03.2022
Марти мисли баҳори ҳудуди 40 сол пеш: сокинони Тоҷикистонро баҳори серун интизор аст
Хатлониёнро ҳавои қисман абрнок интизор буда, дар ноҳияҳои алоҳидаи водибуда борони кӯтоҳмуддат борида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 5+10 дараҷа гарм, рӯзона 18+23 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 2+7 дараҷа гарм, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат борида, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боришоти борон ва барф дар назар аст. Дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 4+9 дараҷа гарм, рӯзна 15+20 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 0-5 дараҷа хунук, рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Душанберо низ ҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат борида, рӯзона асосан бебориш шуда, шабона 6+8 дараҷа гарм, рӯзона 16+18 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0