ИМА хост, Арабистони Саудиро барои "дастгирии Русия" муҷозот кунад

© AP / Kamran JebreiliСамая высокая башня в мире, Бурдж-Халифа, видна за минаретом в Дубае
Самая высокая башня в мире, Бурдж-Халифа, видна за минаретом в Дубае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Як нашрияи хориҷӣ менависад, раисҷумҳури Амрико қасд дорад, Арабистони Саудиро барои "дастгирии Русия" ҷазо диҳад
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Арабистони Саудӣ на Вашингтон, балки Маскавро дастгирӣ намуд, барои ин ИМА бояд ин кишварро муҷозот кунад, менависад "Foreign Policy".

"Байден аз ин фурсат истифода бурда, мехоҳад, муносибатҳои Амрико ба кишвари арабиро бознигарӣ кунад. Фурӯши силоҳро қатъ, қарордодҳо дар бораи таъмир ва ҳифзи таҷҳизоти низомии ин кишварро лағв мекунад", - менависад ин маҷалла.

Ба навиштаи ин маҷалла, Арабистони Саъудӣ баъд аз "баҳори арабӣ" ба таҳкими равобит ҳам бо Русия ва ҳам бо Чин шуруъ кардааст. Дар баробари ин Амрико низ дар бахши амният ба ин кишвар кумакро идома дод. Аз ин рӯ, ба навиштаи "Foreign Policy", саудиҳо эҳсос карданд, ки ИМА ба шарикии бештар аз онҳо ниёз дорад.
Манбаъ қайд мекунад, ки идомаи таҳкими равобити Русия ва Арабистони Саудӣ барои ИМА талафоти бузург хоҳад буд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 23 март раисҷумҳури Русия ба ҳукумат супориш дод, ки минбаъд фурӯши газ ба кишварҳои аврупоӣ танҳо бо рубл ба роҳ монда мешавад.
Новые купюры номиналом 200 и 2000 рублей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Путин аз Аврупо талаб кард, ки пули гази Русияро бо рубл пардохт кунад
"Ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл андешам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.
Дар робита ба ин раисҷумҳури Русия ба Бонки марказӣ ва ҳукумат дастур додааст, ки дар давоми як ҳафта тартиби амалиёти хариди рубл дар бозори дохилӣ аз ҷониби харидорони гази Русияро муайян кунанд.
Путин тавзеҳ додааст, Русия газро тибқи ҳаҷм ва принсипҳои нархгузорие, ки дар қарордодҳо зикр шудаанд, интиқол медиҳад, аммо пули пардохтӣ тағйир хоҳад ёфт.
Лентаи хабарҳо
0