Мақомоти Украина бо Амрико ва Аврупо дар бораи кафолати амниятӣ гуфтугӯ доранд

© AP / Efrem LukatskyСамый большой флаг Украины
Самый большой флаг Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Украина бо чандин кишвари ғарбӣ дар бораи кафолати амниятӣ дар ҳоли музокира ҳастанд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дмитрий Кулеба, вазири умури хориҷии Украина гуфт, ки Киев бо Амрико, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Туркия дар бораи кафолати амниятӣ музокира мекунад.
“Бале, мо бо ИМА, Бритониё, Олмон, Фаронса ва Туркия дар бораи иштироки эҳтимолии онҳо дар додани кафолати амниятӣ музокира карда истодаем. Онҳо дар робита ба ин иқдом назари мусбат доранд. Ҳарчанд ин мавзуъ то ҳол баррасӣ мешавад, аммо ман аз назари ибтидоии онҳо хушҳолам. Ин ягона масъалаест, ки мо бо онҳо гуфтугӯ мекунем. Масъалаҳои боқимонда, ҷузъи музокироти миёни Русия ва Украина мебошанд”, - гуфт Кулеба дар мусоҳиба бо рӯзномаи испании "Pais".
Кулеба дар бораи чӣ гуна таҳкими равобити Украина бо НАТО ва ИА гуфт, ки тайи даҳ рӯзи охир вай коҳиши раванди тасмимгириҳои Иттиҳодияи Аврупо дар мавриди Русияро мушоҳида кардааст.
Самая высокая башня в мире, Бурдж-Халифа, видна за минаретом в Дубае - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
ИМА хост, Арабистони Саудиро барои "дастгирии Русия" муҷозот кунад
Ҳамзамон вай қайд кард, ки айни замон вазъ бо НАТО аз ин хам душвортар аст, зеро ин созмон боэҳтиёт амал мекунад. Вай афзуд, Киев бештар бо шарикони худ ҳамкории дуҷонибаро бартарият додааст, аз он ки ҳамкории кулли бо НАТО дошта бошад.
Кулеба гуфт, шаҳрвандони Украина аз НАТО ноумед шудаанд.
Вай гуфт, "андеша буд, ки НАТО қавӣ ва Иттиҳодияи Аврупо заъиф аст" ва афзуд, ки ҳаводиси ахир дар Украина акси онро собит кард. Дар ҳамин ҳол вазири умури хориҷии Украина қайд кард, ки агар ИА ба ҷустуҷӯи беохири ризоият баргардад, украиниҳо низ аз он ноумед мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Вице-премьер РФ А. Новак провел совещание по подготовке к празднованию 400-летия Красноярска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Новак гуфт, Аврупо ҳич ҷойгузине барои гази Русия надорад
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0