Муллобародар сарвазири толибон таъйин шуд?

© AP / Hussein SayedМулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов
Мулла Абдул Гани Барадар, главный политический лидер Талибов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Расонаҳо дар бораи вазифаи нави Муллобародар хабар доданд. Хабар дода шудааст, ки Муллобародар ҷойгузини Ҳасан Охунд, яъне сарвазири Афғонистон таъйин шудааст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Рӯзномаи мисрии “Бавоб ал-аҳром” хабар дод, ки дар мулоқоти Қандаҳор тағйироти асосӣ дар ҳукумати муваққатии толибон рух дод, Sputnik Афғонистон.
Тибқи иттилои манбаъ, тағйирот дар кабинаи толибон аз таъйини мулло Абдулғанӣ Бародар оғоз шуд. Оқои Бародар ба мақоми нахуствазир ба ҷои мулло Ҳасани Охунд таъйин шуд.
Ҳамзамон Сироҷиддин Ҳаққонӣ ба мақоми муовини Муллобародар таъйин шудааст. Сироҷиддин Ҳаққонӣ ба ҷуз аз мақоми нави худ масъули Вазорати умури дохилӣ низ мебошад.
Премьер-министр Пакистана Имран Хан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Имрон Хон: Танҳо давлати босубот дар Афғонистон метавонад бо терроризм мубориза кунад
Бино бар гузоришҳо, дигар масъулони ҳукумати муваққат то замони ҳосил шудани созиш дар мавриди таъйини вазирони нав муваққатан дар курсии худ боқӣ хоҳанд монд.
Мақомоти расмии толибон то ҳол дар ин бора чизе нагуфтаанд ва аз пахши иттилоъ дар ин бора худдорӣ кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0