Новак гуфт, Аврупо ҳич ҷойгузине барои гази Русия надорад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкВице-премьер РФ А. Новак провел совещание по подготовке к празднованию 400-летия Красноярска
Вице-премьер РФ А. Новак провел совещание по подготовке к празднованию 400-летия Красноярска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Муовини нахуствазири Русия мегӯяд, Аврупо дар ояндаи наздик манбаи ҷойгузин барои гази ин кишварро надорад
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Муовини нахуствазири Русия Александр Новак дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии "Россия 1" гуфт, Аврупо на ҳоло ва на дар панҷ соли оянда ҳеҷ чизи ивазкунандаи гази Русияро надорад.

"Худатон қазоват кунед: дар мавриди саноати газ мо тақрибан 200 миллиард метри мукааб газ медиҳем, дар ҳоле ки Аврупо 500 миллиард метри мукааб масраф мекунад. Инро, бешубҳа, дар як-се ва ё панҷ сол иваз кардан номумкин аст",- гуфт Новак.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки "дар ин зиндагӣ ҳама чиз имконпазир аст", аммо ба гуфтаи ӯ, комилан даст кашидани Аврупо аз энержии Русия "як навъ қиёмат аст".
Ба гуфтаи ӯ, агар Ғарб аз захираҳои энергетикии Русия даст кашад, нархи нафт дар ҷаҳон метавонад ба таври қобили мулоҳиза боло равад.
“Агар (аз нафти Русия – таҳ.) рад шавад, нархи нафт шартан ба 300 доллар ва ба гуфтаи баъзеҳо, ҳатто ба 500 доллар мерасад”, - гуфт ӯ.
Президент РФ В. Путин провел заседание Совбеза РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Путин: Ғарб эътимод ба пулҳои худро аз байн бурд
Ёдовар мешавем, президенти Русия Владимир Путин рӯзи 23 март дар суҳбат бо аъзои ҳукумат гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида ва Аврупо тааҳҳудоти худро дар назди Русия иҷро накарданд ва ҳоло ҷаҳон медонад, ки шояд уҳдадориҳои долларӣ ва евроӣ иҷро нашаванд.
Ӯ гуфт, минбаъд гази Русия ба кишварҳои ғайридӯст бо рубл фурӯхта мешавад.
Раисҷумҳури Русия гуфт, содироти мол ба Иттиҳодияи Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида ва фурӯши онҳо бо доллар, евро ва дигар асъор барои мо дигар маънӣ надорад.
"Аз ин рӯ ман тасмим гирифтам, ки дар кӯтоҳтарин фурсат маҷмуи тадбирҳоро барои дарёфти пардохтҳо, нахуст барои гази табиии мо аз кишварҳои ба истилоҳ ғайридӯст аз тариқи рубл ба роҳ монам", - гуфт Путин дар мулоқот бо аъзои ҳукумат.
Лентаи хабарҳо
0