Қодиров аз озод намудани бинои ҳукумати Мариупол хабар дод

© Sputnik / Алексей Дружинин / Гузариш ба медиабонкГлава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото
Глава Чеченской Республики Рамзан Кадыров, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Роҳбари Чеченистон эълон кард, ки бинои ҳукумати шаҳри Мариупол, ки дар он тайи чанд рӯзи ахир ҷангҳои шадид идома доранд, аз сӯйи сарбозони Русия озод шудааст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Рамазон Қодиров, роҳбари Чеченистон гуфт, нерӯҳои амниятии ҷумҳуриаш бинои ҳукумати шаҳри Мариуполро озод карданд, иттилоъ додааст хабаргузории РИА “Новости”.
Бояд гуфт, тайи чанд рӯз аст, дар ин шаҳр ҷангҳои шадиди миёни артиши Ҷумҳурии миллии Донетск, нерӯҳои миллии “Азов” ва артиши Украина идома доранд.
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Саммит НАТО в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Столтенберг боз барои як соли дигар роҳбари НАТО хоҳад буд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0