Столтенберг боз барои як соли дигар роҳбари НАТО хоҳад буд

Саммит НАТО в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дабири кулли феълии НАТО курсии худро бинобар вазъ дар Украин боз барои як соли дигар ҳифз кард
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Йенс Столтенберг, дабири кулли Эътилофи Атлантики Шимолӣ дар саҳифаи твиттериаш навиштааст, бинобар вазъи Украина раҳбарони НАТО ба мувофиқа расиданд, ки салоҳиятҳои дабири кулли ин созмон барои як соли дигар тамдид шавад.

"Ман аз тасмими раҳбарони НАТО бораи тамдиди раёсати ман дар ин созмон то 30 сентябри соли 2023 хушҳолам. Вақте ки мо бо бузургтарин буҳрони амниятии насли худ рӯ ба рӯ ҳастем, бояд муттаҳид бошему амнияти мардумонамонро ҳифз кунем", - навиштааст ӯ.

Имсол муҳлати хидмати Йенс Столтенберг ба ҳайси дабири кулли НАТО ба поён мерасид.
Рӯзи 4 феврал Ҳукумати Норвегия тасмим гирифт, ки Столтенбергро пас аз истеъфо аз мақомаш дар НАТО ба мақоми раиси Бонки марказӣ таъйин кунад. Қарор буд, ӯ аз 1 декабри соли ҷорӣ ба вазифаи нав шуруъ кунад. Қабл аз ин аъзои НАТО бояд дар бораи дабири кулли нав тасмим мегирифтанд.
Освобожденные от ВСУ районы на окраине Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия шаҳри Изюми вилояти Харковро таҳти назорат гирифтанд
Маврид ба зикр аст, ки Русия рӯзи 24 феврал амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0