Снаряженные магазины от автомата Калашникова  - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Дар пасманзари зӯргӯиҳои мақомоти Киев алайҳи Донетску Луганск, Русия мустақилияти ин ҷумҳуриҳоро эътироф кард. Бо дархости роҳбарони ҶХЛ ва ҶХД, Владимир Путин, президенти Русия 24 феврал барои амалиёти вижаи ҳимоя аз Донбасс дастур дод, ки феълан идома дорад

Қаҳрамонона ҷон бохтани чанд тоҷикистонӣ дар Украина

© Sputnik / Валерий Мельников / Гузариш ба медиабонкГуманитарная помощь доставлена в села ЛНР
Гуманитарная помощь доставлена в села ЛНР - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Эксклюзив
Ҳувияти шаҳрвандони фавтидаи Тоҷикистон ба хотири эҳтиром ба эҳсосоти наздикону пайвандонашон ифшо намешавад. Ҷасади сарбозон ба Ватан интиқол дода шуд
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар миёни кушташудагон дар ҷараёни амалиёти вижаи Русия дар Украина шаҳрвандони Тоҷикистон низ буданд. Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон як манбаъ аз сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, феълан ҷасади кушташудагон ба Тоҷикистон оварда ва ба хок супорида шудааст.
"Дар ҳоли ҳозир сухан дар бораи 4 низомии кушташуда аз Тоҷикистон меравад, ки тибқи қарордод дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия хидмат карда, дар як амалиёти вижа дар Украина кушта шуданд", - афзуд манбаъ.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар Киев як зодаи Тоҷикистон захмӣ шудааст. Вай соати комендантиро вайрон кардааст, ки дар натиҷа аз қисмати пойяш захмдор шудааст.
Ҳамчунин маълум аст, ки шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон Украинаро тарк кардаанд.
Рӯзи 24 феврал Русия амалиёти низомӣ дар Украинаро оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Освобожденные от ВСУ районы на окраине Мариуполя - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо
Артиши Русия шаҳри Изюми вилояти Харковро таҳти назорат гирифтанд
Ба ин манзур, ба гуфтаи ӯ, “ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина”, таҳвили муҷримони ҷангии масъул дар "ҷиноёти хуношом алайҳи сокинони мулкӣ"-и Донбасс ба додгоҳ барномарезӣ шуд.
Бинобар баёнияи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои ҳарбии ин кишвар танҳо зерсохтҳои низомию низомиёни Украинаро ҳадаф қарор медиҳанд ва ин амалиёт шаҳрвандони мулкиро таҳдид намекунад.
Бо ҳимояти нерӯҳои ҳавоии ФР ҳуҷуми гурӯҳҳои ҶХД ва ҶХЛ доман мегустарад. Ин ҷо ҳарф дар бораи забти Украина нест, гуфт раисҷумҳури Русия. Дар баробари амалиёт инчунин музокироти Русия ва Украина низ ҷараён дорад.
Лентаи хабарҳо
0