Дар як задухӯрди ҷамъӣ дар Маскав шаҳрванди 25-солаи Тоҷикистон ҷароҳат бардошт

© Sputnik / Анна Соловьева / Гузаштан ба хазинаи аксДрака болельщиков, архивное фото
Драка болельщиков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар як задухӯрд аз корду калтак истифода ва дар ин зимн як ҷавони 25-сола, ки шаҳрванди Тоҷикистон гуфта мешавад, шадидан захмӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Дар хиёбони Скандинавский шаҳри Маскав задухӯрди ҷамъие рух додааст, ки дар натиҷа як ҷавони тоҷик шадидан захмӣ шудааст, хабар медиҳад ТАСС.
Манбаъ дақиқан зикр накардааст, ки муноқиша миёни шаҳрвандони кадом давлат рух додааст. Танҳо тавзеҳ додааст, ки бо захми корд дар қисмати қафаси сина ва ҳамчунин дар қисмати зону як ҷавони тоҷикистонӣ ба бемористон интиқол дода шуд.
Гуфта мешавад, ҷароҳатбардошта феълан дар бемористони ба номи С.С. Юдина бистарӣ аст ва вазъи ӯро пизишкон вазнин арзёбӣ мекунанд.
Драка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.02.2022
Шарҳи сафорат дар бораи занозании муҳоҷирони тоҷик дар Маскав: ихроҷ таҳдид мекунад
Зикр гардид, ки иштирокчиёни ин бархӯрд аз корду калтак истифода намудаанд ва иллати ин ҳодиса гӯё баҳси хонаводагӣ будааст. Агар чунин бошад, пас ҳамаи иштирокдорон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.
Феълан кормандони интизомӣ аз рӯи ин ҳодиса мутобиқи моддаи "авбошӣ" парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот дар ин хусус идома дорад.
Ба иттилои кормандони милиса, 43 нафар аз иштирокчиёни муноқиша боздошт шудаанд ва нафаре, ки бо корд ҷавони 25-соларо захмӣ кардааст, низ муайян ва дастгир гардидаааст.
Ҳоло парвандаи ҷиноӣ барои тафтиши иловагӣ ба Кумитаи тафтишоти Маскав фиристода шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ҷорӣ шудани кортҳои пластикӣ барои муҳоҷирон дар Русия имкон медиҳад, ки ҷиноятҳо зудтар тафтиш шаванд.
Ҳуҷҷати ягона барои хориҷиён чипи дорои маълумоти шахсӣ хоҳад буд. Онҳо хусусиятҳои биометрӣ, инчунин маълумот дар бораи мақоми шаҳрванди хориҷӣ, раводиди додашуда ва муҳлати амали худи онро дар бар мегиранд.
Лентаи хабарҳо
0