Зарбулаҷали Путин барои Аврупо ҳич гузинаи интихобие боқӣ нагузошт

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузаштан ба хазинаи аксГазокомпрессорная станция Gascade в Айслебене
Газокомпрессорная станция Gascade в Айслебене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бисту сеюми март, бешубҳа, дар таърихи Русия ҳамчун рӯзӣ ба амал омадани воқеаи ҳақиқатан давронсоз сабт мешавад
ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik, Сергей Савчук. Дирӯз Владимир Путин ба вазорату идораҳои зирабт дастур дод, ки пардохти гази табиии Русияро ба рубли русӣ ба роҳ монанд. Ҳамаи мо шоҳиди зиндаи пайдоиши пули нави ҷаҳонии арзиш, талабот ва муътамад. Дар пеши назари мо нурҳои охирини бартарияти нафту доллар, ки тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ пас аз баста шудани созишномаи Бреттон Вудс барои таъмини он талош кардааст, пажмурда мешаванд.
Аҳамияти воқеаҳои рӯй додаистодаро аз ҳад зиёд баҳо додан мумкин нест. Худ қазоват кунед, тибқи маълумоти Бонки Ҷаҳонӣ, ҳаҷми умумии бозори гази табиӣ дар соли 2020 446 миллиард долларро ташкил додааст. Натоиҷи соли 2021 ҳанӯз ниҳоӣ нашудааст, аммо интизор меравад, ки ҳаҷми муомилот то 553 миллиард афзоиш ёбад.
Вице-премьер РФ А. Новак провел совещание по подготовке к празднованию 400-летия Красноярска - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Новак гуфт, Аврупо ҳич ҷойгузине барои гази Русия надорад
То соли 2025 коршиносон пешбинӣ мекунанд, ки бозори газ ба 758 миллиард афзоиш хоҳад ёфт. Ҳангоми номбар кардани рақамҳо мо, албатта, ҳамчун асъори ҳисоббаробаркунӣ доллари ИМА-ро дар назар дорем, ки ин комилан дуруст аст, зеро тақрибан 80 фоизи тамоми амалиёти бонкӣ марбут ба харидуфурӯши сӯзишвории кабуд бо доллар сурат мегирад. Ин яке аз он наҳангҳои азимест, ки гегемонияи молиявии Амрико тӯли даҳсолаҳо ба он асос ёфта буд.
Давраи наве фаро мерасад, ки дар он кишварҳои ғайридӯсти Русия дар натиҷаи амалҳои худашон бо интихоби соддатарин рӯ ба рӯ мешаванд: пули гази Русияро бо рубл пардохт кунанд ё дар ҷустуҷӯи таъминкунандагони алтернативии гази арзонтар бозор раванд, ки бо доллари шинос онро харидан мумкин аст.
Барои фаҳмидани он ки навовариҳо ба кӣ таъсир мерасонанд, биёед, ба Фармони президенти Федератсияи Русия аз 5 марти соли 2022 "Дар бораи тартиби муваққатии иҷрои уҳдадориҳо дар назди кредиторони алоҳидаи хориҷӣ" муроҷиат кунем. Муқаррароти он рӯйхати возеҳи кишварҳоеро, ки ба мо номақбул мебошанд, муайян мекунад: Украина, ИМА, кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, Британияи Кабир, Канада, Австралия, Ҷопон, Сингапур, Тайван, Норвегия, Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои хурде ба монанди Лихтенштейн, Монако ва Андорра.
Новые купюры номиналом 200 и 2000 рублей - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Путин аз Аврупо талаб кард, ки пули гази Русияро бо рубл пардохт кунад
Аз ҳамаи ин кишварҳо беҳтарин мавқеъ ба Иёлоти Муттаҳида тааллуқ дорад, ки худаш бузургтарин содиркунандаи гази моеъ аст ва чанде пеш Австралия ва Қатарро аз поя дур кардааст. Аммо Аврупоро, ки итоаткорона дар баробари сиёсати зиддирусии Вашингтон амал мекард, тағйироти рангинтаре интизор аст.
Барои тақсим кардани рӯйхати пурраи кишварҳо, инчунин схемаҳо ва ҳаҷми интиқоли карбогидридҳои Русия беш аз сад саҳифа лозим аст. Аз ин рӯ мо танҳо ба муҳимтаринҳо таваҷҷуҳ ва кӯшиш мекунему таҳлил менамоем, ки оё кишварҳои ИА метавонанд клапанҳои асосиро бо ифтихор қатъ кунанд ва аз пардохти рубли сӯзишворӣ ба Русия даст кашанд?
Барои мисол, биёед, Олмонро гирем, ки шарики асосии тиҷоратии Русия ва ҳамзамон сарватмандтарин кишвари ҷаҳони қадим аст.
Омор иттилоъ медиҳад, ки дар соли 2020 Олмон 155 миллиард метри мукааб гази Русияро харида ва ворид кардааст. Ёдовар мешавем, ки Берлин барои таъмини эҳтиёҷоти энергетикии худ ҳамагӣ 75 миллиард сарф мекунад ва ҳиссаи асосии боқимондаро боз мефурӯшаду фоидаро дар буҷет мегузорад. Тибқи шартҳои шартномаҳои дарозмуддат олмониҳо гази Русияро ба маблағи 850 доллар мегиранд ва котировкаҳои фючерсҳои апрели имрӯз дар биржаи TTF аз 1300 доллари ИМА гузашт.
Масалан, Роберт Ҳабек, вазири иқтисод ва энержӣ гуфт, ки қатъи гази Русия метавонад ба шаҳрвандони Олмон зиён расонад ва боиси фақри оммавию бекории олмониён шавад. Иқтисоди ин кишвар, ки 55 дарсад аз гази табиии Русия, 52 дарсад аз ангишт ва 34 дарсад аз маҳсулоти нафтӣ вобаста аст, қодир нест, ки як лаҳза равобити тиҷоративу иқтисодӣ бо Маскавро қатъ кунад.
Изҳороти Ҳабекро рӯзномаи “Die Welt”, ки ба манобеаш дар Вазорати энержӣ истинод мекунад, иддао дорад, ки мутахассисони варзида бо истифода аз алгоритмҳои махсус вазъияти радди пурраи карбогидридҳои Русияро тақлид кардаанд. Натиҷаҳо ҳайратовар буданд.
Председатель Временной комиссии Совета Федерации РФ по информационной политике и взаимодействию со СМИ Алексей Пушков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Сиёсатмадори рус гуфт, ки чаро Русия мехоҳад газро бо рубл фурӯшад
Санҷиши маҷозӣ, ки анҷом дода шуд, нишон дод, ки бидуни сӯзишвории кабуд аз Русия системаи гармидиҳӣ дар саросари ин кишвар аз кор мемонад, ки ин боиси якбора боло рафтани сармо, инчунин сӯхтор мегардад, зеро аҳолӣ ба истифодаи воситаҳои дигари гармидиҳӣ мепардозанд. Дар дорухонаҳо, муассисаҳои тиббӣ ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, аз қабили хонаҳои пиронсолон, норасоии шадиди молҳои зарурӣ ва дору пешбинӣ шудааст.
Хатти соҳаи нонпазӣ ҷудост. Дар ин соҳа ба таври фалокатовар баланд шудани арзиши аслии махсулот, инчунин эҳтимоли қатъи таъминоти нон, яъне моддаи зарурӣ мавҷуд аст. Гузашта аз ин аз содиркунандагони асосии ғалла Русия ва Украина мебошанд. Тибқи омори расмӣ, онҳо 26 дарсади таъмини ғалларо дар ихтиёр доранд.
Кишт дар Украина аллакай ба таври возеҳ халалдор шудааст ва Русия ба хотири таъмини ниёзҳои аҳолии худ дар содироти ғалла маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ карда, квотаро то 11 миллион тонна коҳиш додааст. Ин мамнуият то 30-юми июн эътибор дорад ва онро метавон барои ҳар даврае тамдид кард.
Отделение банка. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.03.2022
Харидуфурӯши нафт ҳам бо рубл сурат мегирад?
Даст кашидан аз захираҳои Русия, аз ҷумла газ, ангишт ва қир тавлиди нерӯи барқро 25 дарсад коҳиш медиҳад ва 11 дарсади бахши ҳастаӣ низ метавонад дар ин феҳраст сабт шавад. Хотиррасон мекунем, ки ҳукумати Олаф Шолтс қарор дод, ки то охири сол се блоки охирини энержии атомиро бандад.
Изҳороти Владимир Путин барои тамоми Аврупо ва бахусус Олмон, рӯшан садо дод. Танҳо дар охири рӯз Тимм Кёлер, роҳбари иттиҳодияи саноатии “Zukunft Gas”, ки дар ошуфтагии ошкоро қарор дошт, тавонист изҳор кунад, ки Олмон "бо иштибоҳи бузург тақозоҳои Русияро дар бораи пардохти шартномаҳои газ бо рубл қабул кард".
Бо дарназардошти воқеият ва бо истифода аз лексикони раисҷумҳури Русия ба ҳамаи шарикони ғайридӯсти мо бояд посух дод: “Хоҳӣ, нахоҳӣ, бо рубл пардохт кун, зебояк”.
Лентаи хабарҳо
0