Афзоиши даҳбаробарии борбарӣ дар Тоҷикистон

Фуры на трассе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар ду моҳи соли ҷорӣ беш аз 90 дарсади борбарӣ дар Тоҷикистон тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат гирифтааст
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Дар ду моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон бо тамоми васоили нақлиёт беш аз 1 миллиону 400 ҳазор тонна бор интиқол дода шудааст.
Дар кашондани бор ҳиссаи нақлиёти заминӣ қариб 100 фоиз аз ҳаҷми умумии боркашонӣ дар кишварро ташкил додааст, менависад "Авеста".
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти кишвар, дар давраи ҳисоботӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ беш аз 1,3 миллион тонна бор интиқол дода шудааст.
Ҳаҷми боркашонӣ бо нақлиёти автомобилӣ назар ба ҳамин давраи соли гузашта 10,2 фоиз бештар будааст.
Фабрика Фарм Сугд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.03.2022
Воридоти беш аз чилбаробарӣ аз содирот дар гузориши МОИ Тоҷикистон
Бо роҳи оҳан 931,8 ҳазор тонна бор кашонда шуд, ки ин назар ба ҳамин давраи соли гузашта 13,1 фоиз зиёд аст.
Ҳамин тариқ интиқоли 93,5 фоизи ҳаҷми умумии бор аз тариқи нақлиёти автомобилӣ сурат гирифтааст.
Тибқи иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, дар соли 2021 дар кишвар ҳиссаи боркашонӣ ба нақлиёти автомобилӣ 93,1% ва роҳи оҳан 6,9%-ро ташкил кардааст.
Гуфта мешавад, дар ин давра тавассути ҳама намуди нақлиёт 82029,5 ҳазор тонна бор, аз ҷумла бо нақлиёти автомобилӣ 76347,4 ҳазор тонна ва роҳи оҳан 5681,1 ҳазор тонна интиқол дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0