Амри Лукашенко: ВАО дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб нашавад!

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкВыступление президента Белоруссии Александра Лукашенко
Выступление президента Белоруссии Александра Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Беларус ба васоити ахбори оммдаи кишвараш амр кард, ки дар ҷанги иттилоотӣ мағлуб нашаванд
ДУШАНБЕ, 25 мар — Sputnik. Александр Лукашенко, раисҷумҳури Беларус гуфт, расонаҳои кишвар набояд дар ҷанги иттилоотие, ки ба зеҳни мардум таъсир мегузоранд, мағлуб шаванд.

"Мо наметавонем дар ин ҷанг мағлуб шавем. Мо мавқеи хуб дорем, аз ин рӯ набояд ин мавқеъро аз даст диҳем ва иштибоҳҳои бузург кунем", - гуфт Лукашенко дар нишасте дар бораи ВАО иттилоъ додааст хабаргузории Sputnik Беларус.

Роҳбари давлат қайд кард, ки ҳоло дар ҷаҳон барои тафаккури мардумон ва ояндаи кӯдакон ҷанги густурдаи иттилоотӣ идома дорад.
"Шумо мебинед, ки онҳо (Ғарб) ба муқобили мо чӣ қадар дағалона мубориза мебаранд. Мансабдорони Маскаву Минскро дар тамоми ҷаҳон таҳқир мекунанд. Ҳатто аз Шарп (идеологи амрикоии “инқилобҳои ранга”) ва Геббелсро ҳам гузаронданд”, - гуфт Лукашенко.
Президент Турции Реджеп Тайип Эрдоган - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Туркия сарморо намехоҳад: Эрдуғон аз таҳримоти зидди Русия даст кашид
Бояд гуфт, Ғарб нисбати роҳбарони Русия ва Беларус таҳримҳо ҷорӣ кард ва аз роҳбарони ин кишварҳо аждаҳо метарошанд. Таҳримҳо баъд аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина оғоз шуданд.
Ёдовар мешавем, Русия субҳи панҷшанбеи 24 феврал амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард.
Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли 8 сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд."
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "безараргардонӣ ва нозизудоии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Русия, нерӯҳои мусаллаҳ танҳо ба зерсохтҳои низомӣ ва нерӯҳои Украина зарба мезананд, ҳеҷ чиз ба мардуми осоишта таҳдид намекунад.
Бо дастгирии қувваҳои мусаллаҳи Русия гурӯҳҳои ҶМД ва ҶМЛ амалиёти ҳуҷумро вусъат медиҳанд. Аммо дар бораи ишғоли Украина гап нест, таъкид кард раисҷумҳури Русия.
Председатель Российского исторического общества, директор Службы внешней разведки РФ Сергей Нарышкин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2022
Наришкин: Украина ҳамроҳ бо Русия ояндаи худро месозад
Русия ва Украина барои ҳалли низоъ як силсила музокирот анҷом доданд. Ҳар ду ҷониб омодагии худро барои идомаи гуфтушунид изҳор намуда, пешрафтҳои мусбатро дар мавзуи долонҳои башардӯстона қайд карданд.
Баъдан мулоқоти ҳайатҳо дар шакли видеоконфронс сурат гирифт. Ба гуфтаи намояндагони Русия дар ин музокирот, мавзеъгирии ҷонибҳо муайян шудааст, аммо худи ин раванд заиф аст.
Лентаи хабарҳо
0